Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лукашенко бархӯрд бо Украинаро ногузир хонд: баъдтар барои Маскав бадтар мебуд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Беларуси Александр Лукашенко
Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2023
Обуна шудан
Бо оғози амалиёти вижаи низомӣ дар моҳи феврали соли 2022 дар Украина, Русия аз ҳолати баъдтару бадтар сар задани ин даргирӣ пешгирӣ намуд
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Шароит барои Маскаву Минск бадтар мешуд, агар амалиёти вижаи Русия дар моҳи феврали соли 2022 оғоз намешуду даргирӣ баъдтар рух медод.
Ин нуктаро раисҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко зимни суҳбат дар шабакаи телевизионии "Россия 1" баён дошт.
Раҳбари Беларус тавзеҳ дод, ки ин ҷанг миёни Русия ва ҷаҳони Ғарб аст.
"Чаро маҳз Русия бо ҷаҳони Ғарб ва на масалан бо Чин дар Тайван? Зеро ғарбгароён ҳангоми татбиқи сиёсаташон пеш аз ҳама бо Русия бархӯрданд. Боқимонда, аз ҷумла амалиёти махсуси низомӣ ҷузъиёти ин муқовимати глобалӣ барои бисёрқутбӣ будани ҷаҳони мост", - гуфт ӯ.
Зампред Совбеза РФ Д. Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2023
Медведев дар бораи орзую воқеияти Украина шухӣ кард
Лукашенко таъкид намуд, ки даргирӣ бо Украина агар феврали соли 2022 сар намешуд, дертар мешуд, вале дар шароити бадтар барои Русия ва Белорус.
Дар баробари ин Лукашенко таъкид кард, ки Федератсияи Русия ва Беларус ҳоло барои ҷаҳони бисёрқутбӣ мубориза мебаранд ва ин ба манфиати ҳама – Чин, Ҳиндустон, ҷаҳони араб ва кишварҳои Африқо ва Амрикои Лотинӣ мувофиқ аст.
"Дар ин ки мо дар ин тарафи ҷабҳа қарор гирифтем ва на дар он тарафи Ғарб, ин як тасодуф аст, зеро ба муқобили мо, такрор мекунам, пеш аз ҳама, бар зидди мо зарба зада шуд", - гуфт президенти Беларус.
Русия рӯзи 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Лентаи хабарҳо
0