Вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия афзуд

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкТуристы в Москве
Туристы в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2023
Обуна шудан
ФСБ мегӯяд, ба ҷуз аз тоҷикистониён ҳамчунин вуруди шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон ва Чин ба Федератсияи Русия афзудааст
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Владимир Кулишов, сардори Хадамоти марзбонии ФСБ аз афзоиши қобили мулоҳизаи сафарҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия хабар дод, менависад ТАСС.
Ба таъкиди ӯ, вуруди шаҳрвандон аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон ва Чин низ ба маротиб зиёд шудааст.
"Шумори сафарҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон ва Чин ба кишвари мо ба таври қобили мулоҳиза зиёд шудааст”, - гуфт раиси Хадамоти марзбонии ФСБ.
Зимнан, Кулишов зикр кард, ки теъдоди аврупоиҳое, ки аз кишварҳои бегона ба Русия меоянд, дар соли ҷорӣ сеяк кам шудааст.
"Сардори хадамоти марзбонии ФСБ иллати кам шудани вуруди шаҳрвандон аз Аврупоро ба коҳиши ҳамкориҳои Русия ба ин давлатҳо арзёбӣ кард.
Российский паспорт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2023
Шаҳрвандии Русияро аз ҳама беш тоҷикон мегиранд
Ӯ гуфт, аз ҷумла шаҳрвандони Фаронса, Олмон, Италия ва Лаҳистон, ки пеш ба Русия зиёд сафар мекарданд, имсол то сеяк маротиба кам гардидааст.
Қаблан, Вазорати умури дохилии Русия хабар дод, ки дар се моҳи аввали соли равон, 45 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба иловаи шаҳрвандии худ, ҳамчунин шаҳрвандии Русия дарёфт намуданд.
Лентаи хабарҳо
0