Қадами Русия, ки Украина баъди он "аз тарс меларзад"

© AP / Andrew KravchenkoПрезидент Украины Владимир Зеленский, архивное фото
Президент Украины Владимир Зеленский, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2023
Обуна шудан
Дар матлабе дар портали чинии Sohu навишта шудааст, ки як қадами Федератсияи Русия метавонад Украинаро "ба ларза орад"
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Пайдо шудани силоҳҳои ҳастаии Русия дар Беларус Украинаро "аз тарс ба ларза меорад", гуфта мешавад дар матлабе дар портали чинии Sohu.
Муаллифи мавод ёдовар шуд, ки Иёлоти Муттаҳида дар бисёре аз пойгоҳҳои иттифоқчиёни худ дар Аврупо кулоҳакҳои ҳастаӣ ҷойгир мекунад ва пайдо шудани аслиҳаи тактикии ҳастаии Маскав дар ҷумҳурии пасошӯравӣ бо НАТО рақобат карда метавонад.
Дар баробари ин, чунин иқдом ба Киев низ таъсири боздоранда хоҳад дошт, зеро пойтахти Украина дар наздикии марзи Беларус ҷойгир аст.
"Агар дар он ҷо "Искандер-М" бо бомбаҳои ҳастаӣ ҷойгир карда шавад, Украина бешубҳа аз тарс ба ларза меояд", - таъкид кардааст муаллифи мақола.
Қарори Маскав ва Минск ба тамоми лагери ғарбӣ таъсири боздоранда хоҳад дошт, дар ҳоле ки ИМА ва НАТО бешубҳа хушҳол наахоҳанд шуд, менависад Sohu.
Дар айни ҳол Ғарб ба ҷуз аз танқид ва таҳдидҳои хушку холӣ дигар чорае дида намеавонад.
"Дар ниҳоят, ҳатто вақте ки Минск силоҳи ҳастаӣ надошт, иттифоқ ҳанӯз ҷуръати даст ба он надошт. Ҳоло, ки силоҳи Русияро гирифт, Беларус боз ҳам тавонотар шудааст ва НАТО бешубҳа ҷуръат намекунад, ки бепарвоӣ кунад", - хуло намуд муалифи ин матлаб.
 Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2023
Шойгу: Ғарб бар зиди Русия ва Белорус ҷанги эълоннашуда мебарад
Рӯзи панҷшанбе раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко аз оғози интиқоли силоҳи ҳастаӣ дар чаҳорчӯби созишномаҳо бо Русия дар бораи истиқрори силоҳи ҳастаии тактикӣ дар ин ҷумҳурӣ хабар дод.
Раҳбарони вазоратҳои дифои ду кишвар Сергей Шойгу ва Виктор Хренин санадеро имзо карданд, ки тартиби нигаҳдории силоҳҳои ҳастаии ғайристратегии Русияро дар як анбори вижа дар қаламрави Беларус муайян мекунад.
Лентаи хабарҳо
0