Озодкунии Артемовск ва қарори Ғарб дар бораи ҷангандаҳои F-16: видео

Обуна шудан
Ҳатто агар Ғарб ба таври фаврӣ ҷангандаҳои F-16-ро ба Украина интиқол диҳад, ҳавопаймоҳо ба таври муқаррарӣ истифода намешаванд, зеро онҳо ҷои парвоз надоранд
Ин андешаро коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар мусоҳиба бо Sputnik баён кардааст.
Вай дар мавриди имконнопазирии ҷойгиркунии ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳҳои Лаҳистон ва ҳамчунин дар бораи озод кардани Артемовск ва пайомади он суҳбат кард.
Мутахассис инчунин дар бораи истиқрори силоҳҳои тактикии ҳастаии Русия дар Беларус ба Ғарб чӣ гуна таъсир мерасонад, изҳори назар кард.
Артиши Русия дар Донбасс ду гурӯҳи ҷангҷӯёни украиниро асир гирифт
Қаблан, хабар дода шуд, ки низомиёни гурӯҳи "Ҷанубӣ"-и нерӯҳои мусаллаҳи Русия ду гурӯҳи душманро дар наздикии Белогоровкаи Донбасс асир гирифтанд.
Дар авоили моҳи май ёвари раиси Чеченистон, фармондеҳи нерӯҳои вижаи "Ахмат" Аптӣ Алловуддинов гуфт, ки сарбозони нерӯҳои вижаи "Ахмат" ва гурӯҳи нерӯҳои "Ҷанубӣ" ба минтақаи саноатии тавлиди бор дар Белогоровка дар самти Кременск ворид шуда, қӯшунҳои Украинаро ба масофаи 1,5 километр ақиб гузоштанд.
Лентаи хабарҳо
0