https://sputnik.tj/20230526/sharq-tojikiston-zaminlarza-rukh-1057369808.html
Дар шарқи Тоҷикистон боз заминларза рух дод
Дар шарқи Тоҷикистон боз заминларза рух дод
Sputnik Тоҷикистон
Заминларза субҳи барвақт дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар наздикии шоҳроҳи Помир ба қайд гирифта шуд.
2023-05-26T10:20+0500
2023-05-26T10:20+0500
2023-05-26T10:20+0500
дар тоҷикистон
заминларза
вмкб
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102169/66/1021696691_0:113:1301:844_1920x0_80_0_0_dc9f8cc5c4dc32c6c2aaa371d531231b.jpg
ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ ба шиддати 4,3 балл ба қайд гирифта шуд.Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии назорати пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои изтирории Узбекистон хабар медиҳад.Ба иттилои ин ниҳод, заминларза соати 07:34 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Маркази заминларза дар умқи 179 километр, чанд километр дуртар аз ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон будааст. Аммо мувофиқи маълумоти Шабакаҳои пойгоҳҳои сейсмикии СОМИ Қазоқистон он дар чуқурии 15 километр сурат гирифтааст. Ёдовар мешавем, ин дуввумин заминларза аст, ки тайи як шабонарӯз дар Тоҷикистон рух медиҳад. Як рӯз пештар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, дар наздикии ноҳияи Ишкошим низ зилзила сабт шуда буд. Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ дар бораи хисорот ва талафоти эҳтимолӣ хабар надодааст. Маврид ба зик аст, ки КҲФ пайваста ба сокинони шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар бораи чораҳои бехатарӣ дар мавриди заминларза мегӯяд. Наҷотдиҳандагон дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, ки дар рафти он на танҳо зарурати риояи қатъии тадбирҳои бехатариро ҳангоми заминҷунбӣ хотиррасон мекунанд, балки ба калонсолон ва кӯдакон варақаҳои иттилоотии муҳимро паҳн мекунанд.
https://sputnik.tj/20230522/zaminlarza-marzi-tojikiston-afghoniston-1057286118.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102169/66/1021696691_0:0:1193:895_1920x0_80_0_0_1fb63b9eff010d9a6077beffac6a2f0e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарқ тоҷикистон заминларза
шарқ тоҷикистон заминларза
Дар шарқи Тоҷикистон боз заминларза рух дод
Заминларза субҳи барвақт дар ҳудуди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар наздикии шоҳроҳи Помир ба қайд гирифта шуд.
ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ ба шиддати 4,3 балл ба қайд гирифта шуд.
Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии назорати пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои изтирории Узбекистон хабар медиҳад.
Ба иттилои ин ниҳод, заминларза соати 07:34 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.
Маркази заминларза дар умқи 179 километр, чанд километр дуртар аз ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон будааст.
Аммо мувофиқи маълумоти Шабакаҳои пойгоҳҳои сейсмикии СОМИ Қазоқистон он дар чуқурии 15 километр сурат гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ин дуввумин заминларза аст, ки тайи як шабонарӯз дар Тоҷикистон рух медиҳад.
Як рӯз пештар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, дар наздикии ноҳияи Ишкошим низ зилзила сабт шуда буд.
Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ дар бораи хисорот ва талафоти эҳтимолӣ хабар надодааст.
Маврид ба зик аст, ки КҲФ пайваста ба сокинони шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар бораи чораҳои бехатарӣ дар мавриди заминларза мегӯяд.
Наҷотдиҳандагон дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, ки дар рафти он на танҳо зарурати риояи қатъии тадбирҳои бехатариро ҳангоми заминҷунбӣ хотиррасон мекунанд, балки ба калонсолон ва кӯдакон варақаҳои иттилоотии муҳимро паҳн мекунанд.