https://sputnik.tj/20230526/saudi-khostor-parvoz-mustaqim-khatlon-1057378596.html
Саудӣ хостори парвозҳои мустақим ба Хатлон шуд
Саудӣ хостори парвозҳои мустақим ба Хатлон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Густариши ҳамкориҳо миёни Арабистони Саудӣ ва минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон дар мулоқоти раиси Хатлон бо сафири Риёз дар Душанбе баррасӣ шуд
2023-05-26T16:55+0500
2023-05-26T16:55+0500
2023-05-26T16:55+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
ҳавопаймо
мулоқот
давлаталӣ саид
парвоз
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102851/00/1028510036_0:360:2992:2043_1920x0_80_0_0_2beada8e44881c3c83030bd6cdd7abb7.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, Абдураҳмон Алрушайдон дархост кардааст, ки аз кишвараш ба Хатлон парвозҳои мустақим роҳандозӣ шаванд. Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, ин нуктаро сафир дар мулоқот бо раиси вилоят, Давлаталӣ Саид баён дошт. Намояндаи Риёз зикр намудааст, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ду фурудгоҳи байналмилалӣ амал мекунад ва бо назардошти густариши ҳамкориҳо хост, дар яке аз ин фурудгоҳҳо хатсайре ба Арабистони Саудӣ кушода шавад.Зикр шудаст, ки Арабистони Саудӣ аввалин кишвари арабие мебошад, ки 11-уми январи соли 1992 Истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард ва 22-юми феврали соли 1992 байни ду кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд ва Сандуқи Саудӣ оид ба рушд дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, бахшҳои инфрасохтори роҳ, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра ҳамкории босамарро ба роҳ мондааст. Давлаталӣ Саид дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти соҳаи маориф изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кардаст, ки дар оянда низ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Арабистони Саудӣ омода мебошад. Вай изҳори боварӣ намудаст, ки сафари сафири Саудӣ ба Хатлон барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, бунёди корхонаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ заминаи мусоид мегузорад.
https://sputnik.tj/20230518/rusiya-eronu-turkiya-hin-ishtiroki-namoishgoh-sughd-2023-1057217508.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102851/00/1028510036_268:0:2992:2043_1920x0_80_0_0_17a8068e0b24623fd417934cf07cf822.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешниҳод, парвоз, арабистони саудӣ, хатлон, сафир
пешниҳод, парвоз, арабистони саудӣ, хатлон, сафир
Саудӣ хостори парвозҳои мустақим ба Хатлон шуд
Густариши ҳамкориҳо миёни Арабистони Саудӣ ва минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон дар мулоқоти раиси Хатлон бо сафири Риёз дар Душанбе баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, Абдураҳмон Алрушайдон дархост кардааст, ки аз кишвараш ба Хатлон парвозҳои мустақим роҳандозӣ шаванд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, ин нуктаро сафир дар мулоқот бо раиси вилоят, Давлаталӣ Саид баён дошт.
Намояндаи Риёз зикр намудааст, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ду фурудгоҳи байналмилалӣ амал мекунад ва бо назардошти густариши ҳамкориҳо хост, дар яке аз ин фурудгоҳҳо хатсайре ба Арабистони Саудӣ кушода шавад.
Зикр шудаст, ки Арабистони Саудӣ аввалин кишвари арабие мебошад, ки 11-уми январи соли 1992 Истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард ва 22-юми феврали соли 1992 байни ду кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд ва Сандуқи Саудӣ оид ба рушд дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, бахшҳои инфрасохтори роҳ, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра ҳамкории босамарро ба роҳ мондааст.
Давлаталӣ Саид дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти соҳаи маориф изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кардаст, ки дар оянда низ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Арабистони Саудӣ омода мебошад.
Вай изҳори боварӣ намудаст, ки сафари сафири Саудӣ ба Хатлон барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, бунёди корхонаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ заминаи мусоид мегузорад.