https://sputnik.tj/20230526/medvedev-munoqisha-ukraina-muddat-tuloni-1057370299.html
Медведев: муноқиша дар Украина тӯлонӣ мешавад
Медведев: муноқиша дар Украина тӯлонӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Агар табиати миллатгароии қудрати режими Киев аз байн наравад, он гоҳ низоъ дар Украина метавонад боз чанд соли дигар тӯл бикашад
2023-05-26T10:56+0500
2023-05-26T10:56+0500
2023-05-26T11:12+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
амалиёти вижа
дмитрий медведев
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0c/1057077473_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_ecf18e2d50bf4950b3a092b9742b888e.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Муноқишаи Украина метавонад муддати тӯлонӣ, шояд даҳсолаҳо идома ёбад, дар шароити режими кунунӣ дар ин кишвар ҳама чиз такрор мешавад. Дар ин бора Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар мусоҳиба бо хабарнигорон зимни сафараш ба Ветнам изҳор дошт. Бинобар ин, ба фикри ӯ, табиати қувваи фашистиро дар Киев нест кардан лозим аст. Агар ин кор карда нашавад, дар он сурат задухурди мусаллаҳона давра ба давра такрор мешавад. Қаблан Медведев дар шабакаи Телеграми худ навишт, ки Украина метавонад пас аз анҷоми амалиёти вижа дар раванди тақсими он миёни Русия ва як қатор кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аз байн равад. Вай гузинаеро рад накард, ки пошхӯрии Украина пас аз шикасти Киев ду роҳро пеш хоҳад гирифт - ин эрозияи сусти давлатдории Украина ё роҳи суқути фаврии он хоҳад буд.Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
https://sputnik.tj/20230526/shoygu-ima-jangjuyon-afghon-noorom-osiyoi-markazi-istifoda-1057367489.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0c/1057077473_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_3a7ac2ecb13df24f94099c4d1f33f222.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
медведев муноқиша украина тӯлонӣ
медведев муноқиша украина тӯлонӣ
Медведев: муноқиша дар Украина тӯлонӣ мешавад
10:56 26.05.2023 (Навсозишуда: 11:12 26.05.2023) Агар табиати миллатгароии қудрати режими Киев аз байн наравад, он гоҳ низоъ дар Украина метавонад боз чанд соли дигар тӯл бикашад
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Муноқишаи Украина метавонад муддати тӯлонӣ, шояд даҳсолаҳо идома ёбад, дар шароити режими кунунӣ дар ин кишвар ҳама чиз такрор мешавад.
Дар ин бора Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия дар мусоҳиба бо хабарнигорон зимни сафараш ба Ветнам изҳор дошт.
Бинобар ин, ба фикри ӯ, табиати қувваи фашистиро дар Киев нест кардан лозим аст.
Агар ин кор карда нашавад, дар он сурат задухурди мусаллаҳона давра ба давра такрор мешавад.
"Ин муноқиша хеле тӯлонӣ аст. Ин ҳама даҳсолаҳост, шояд. Ин як воқеияти нав, шароити нави зиндагӣ аст. То замоне, ки чунин қудрат вуҷуд дорад, масалан, се соли сулҳ, ду соли низоъ хоҳад буд, ва ҳама чиз дубора рӯй хоҳад дод",- гуфт ӯ.
Қаблан Медведев дар шабакаи Телеграми худ навишт, ки Украина метавонад пас аз анҷоми амалиёти вижа дар раванди тақсими он миёни Русия ва як қатор кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аз байн равад.
Вай гузинаеро рад накард, ки пошхӯрии Украина пас аз шикасти Киев ду роҳро пеш хоҳад гирифт - ин эрозияи сусти давлатдории Украина ё роҳи суқути фаврии он хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.