Мақоми нави Раҷаббой Аҳмадзода

© Фото : Пресс-служба главы Согдийской областиГлава Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Глава Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2023
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд ба мақоми ҷадид дар бахши варзиши Тоҷикистон интихоб гардида, интизор меравад, ки минбаъд рушди камонвариро вусъат мебахшад
ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон интихоб гардид, иттилоъ дод Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои мнабаъ, дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи интихоботии Федератсияи камонварии ҷумҳурӣ баргузор шуд.
"Зимни ҷаласа раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода бо як овоз раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон ва Мирзоқосим Каримзода ба ҳайси муовини президенти федератсия интихоб гардиданд", - омадааст дар иттилоия.
Таджикские дзюдоисты на турнире - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2023
Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Санкт-Петербург иштирок мекунанд
Таъкид шудааст, ки дар ин ҷаласа қаҳрамони Бозиҳои Олимпӣ, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров, ҷоизадори бозиҳои олимпӣ, камонвари машҳури тоҷик Зебонисо Рустамова ва дигар шахсон иштирок доштанд.
Маврид ба зикр аст, ки раиси Суғд қаблан дар маросими оғози сохтмону ифтитоҳи як мактаби камонварӣ дар Хуҷанд иштирок карда, изҳор дошта буд, ки ин муассиса барои рушди соҳа такон хоҳад бахшид.
Фармоишгари иншоот идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, бинои асосӣ аз 2 ошёна иборат мебошад.
Аҳмадзода изҳори боварӣ намуд, ки бо фаъол гардидани мактаби варзишии камонварӣ барои машқу тамрини наврасону ҷавонон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, аз миёни онҳо қаҳрамонҳое чун Зебунисо Рустамова ба камол мерасанд.
Мактаби варзишӣ дар ҳудуди варзишгоҳи марказии "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" ҷойгир мебошад.
Лентаи хабарҳо
0