https://sputnik.tj/20230526/dushanbe-nimmarafoni-one-run-barguzor-1057372766.html
Дар Душанбе бори аввал ниммарафони Оne run баргузор мегардад
Дар Душанбе бори аввал ниммарафони Оne run баргузор мегардад
"Лигаи қаҳрамонон"-и Русия як пойгаи синхронӣ бо ширкати варзишгарони касбӣ ва ҳаваскорон дар чанд кишварро ҳамзамон баргузор ташкил мекунад
2023-05-26T12:55+0500
2023-05-26T12:55+0500
2023-05-26T12:55+0500
дар тоҷикистон
ҷавонон ва варзиш
дав
ниммарафон
душанбе
мусобиқа
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/11/1038554432_0:0:1620:912_1920x0_80_0_0_731ace24d35bcc9fb18d34b5d531cc20.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Пойгаи синхронӣ бо ширкати варзишгарони касбӣ ва ҳаваскорон дар чанд кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ҳамзамон сурат мегиранд. Пойтахти Тоҷикистон бори аввал мизбони ниммарафони байналмилалии One Run мешавад. Ин чорабинӣ аз ҷониби "Лигаи қаҳрамонон"-и Русия бо дастгирии шаҳрдории Душанбе, инчунин Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи варзиши сабуки ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Дар пойга, ки рӯзи якшанбеи 4 июн сурат мегирад, ҳудуди 1000 нафар ширкат хоҳанд кард.Ба гуфтаи созмондиҳандагон, он якбора дар чаҳор масофа - 1, 5, 10 ва 21,1 километр баргузор мешавад. Макони оғози чорабинӣ майдони "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе интихоб карда шудааст, иттилоъ доданд масъулин. Ҳар кас метавонад иштирокчии ниммарафон шавад. Барои ин, бояд довталабон пешакӣ сабти ном шаванд. Ташкилкунандагон қайд мекунанд, ки ин як имконияти беҳамто барои гузаронидани рӯз бо оила ё дӯстон, пайдо кардани одамони ҳамфикр, расидан ба оғози расмии аввалин ва гузоштани рекорди шахсӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки чунин пойга дар як вақт – соати 09:00 ба вақти Маскав дар чанд кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз мешавад. Бори аввал ба сабқат, дар баробари Тоҷикистон кишварҳои дигар, аз ҷумла Чин, Арманистон ва Қирғизистон ҳамроҳ шуданд. Дар маҷмӯъ, тақрибан 160 ҳазор нафар дар ниммарафони байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20230525/olimpi-tojikiston-osiyo-2024-1057361394.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/11/1038554432_42:0:1482:1080_1920x0_80_0_0_ce6ac22460ebfeb3ddcf734a98da50f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
тоҷикистон, мизбон, мусобиқа, байналмилалӣ, дав, баргузор
тоҷикистон, мизбон, мусобиқа, байналмилалӣ, дав, баргузор
Дар Душанбе бори аввал ниммарафони Оne run баргузор мегардад
"Лигаи қаҳрамонон"-и Русия як пойгаи синхронӣ бо ширкати варзишгарони касбӣ ва ҳаваскорон дар чанд кишварро ҳамзамон баргузор ташкил мекунад
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Пойгаи синхронӣ бо ширкати варзишгарони касбӣ ва ҳаваскорон дар чанд кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ҳамзамон сурат мегиранд.
Пойтахти Тоҷикистон бори аввал мизбони ниммарафони байналмилалии One Run мешавад.
Ин чорабинӣ аз ҷониби "Лигаи қаҳрамонон"-и Русия бо дастгирии шаҳрдории Душанбе, инчунин Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи варзиши сабуки ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
Дар пойга, ки рӯзи якшанбеи 4 июн сурат мегирад, ҳудуди 1000 нафар ширкат хоҳанд кард.
Ба гуфтаи созмондиҳандагон, он якбора дар чаҳор масофа - 1, 5, 10 ва 21,1 километр баргузор мешавад.
Макони оғози чорабинӣ майдони "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе интихоб карда шудааст, иттилоъ доданд масъулин. Ҳар кас метавонад иштирокчии ниммарафон шавад. Барои ин, бояд довталабон пешакӣ сабти ном шаванд.
Ташкилкунандагон қайд мекунанд, ки ин як имконияти беҳамто барои гузаронидани рӯз бо оила ё дӯстон, пайдо кардани одамони ҳамфикр, расидан ба оғози расмии аввалин ва гузоштани рекорди шахсӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки чунин пойга дар як вақт – соати 09:00 ба вақти Маскав дар чанд кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз мешавад. Бори аввал ба сабқат, дар баробари Тоҷикистон кишварҳои дигар, аз ҷумла Чин, Арманистон ва Қирғизистон ҳамроҳ шуданд.
Дар маҷмӯъ, тақрибан 160 ҳазор нафар дар ниммарафони байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.