Зимистон дар остонаи тобистон: Барфрезии ғайриинтизор дар ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ - акс
17:20 26.05.2023 (Навсозишуда: 17:37 26.05.2023)
© SputnikБарфрезӣ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд дар арафаи тобистон
© Sputnik
Обуна шудан
Дар яке аз навоҳии куҳистони шимоли Тоҷикистон дар остонаи тобистон барф борид, аммо сокинон умедворанд, ки ба зироату дарахтонашон осеб нарасида бошад
ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Ҳарчанд ҷануби Тоҷикистон аз гармои шадиду маъракаи ҳосилғундорӣ хабар медиҳад, аммо баъзе манотиқи шимоли кишварро барфу сардӣ раҳо карданӣ нест.
Ҳамин тариқ, шаби 25 ба 26 май дар деҳоти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ғайриинтизор барфрезии шадид рух дод.
Бино ба гуфти сокинони ноҳияи мазкур, дар натиҷаи барфрезии зиёд дарахтон ва гулу рустаҳои дигар зарар дидаанд.
Саидмаҳмад Умаров, як сокини деҳаи Палдораки ин ноҳия ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки барф аз 15 см ҳам зиёд будааст.
“Ҳама ҷо сафед шуд. Дарахтони гелосу олуву зардолу тоза аз ғарқи гул фаромада ғура баста буданд аз барфрезии зиёд шикастанд. Заминҳои кишт аз ҷумла картошка, ки тоза руста буданд, ҳама зери барфи баланд монданд” - изҳор дошт, Умаров.
Сокинони Кӯҳистони Мастчоҳ мегӯянд, охирҳои моҳи майи соли гузашта ҳам шоҳиди чунин як ҳодисаи ғайриинтизори табиӣ буданд, ки мунҷар ба талафёбии даҳҳо сар чорво ва заминҳои кишт гардида буд.
© SputnikБарфрезӣ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд дар арафаи тобистон
Барфрезӣ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд дар арафаи тобистон
© Sputnik
Аммо онҳо мегуянд, барфе, ки ахиран борид бештар аз соли қаблӣ будааст.
Зафар Мирзобошиев, сардори КҲФ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба Sputnik Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ки алҳол гурӯҳи корӣ барои муайян намудани зарари расида аз ин ҳодисаи табииро таҳқиқ мекунанд.
Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҳисоби Деваштич яке аз навоҳии картошкапарвари шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
© SputnikБарфрезӣ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд дар арафаи тобистон
Барфрезӣ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд дар арафаи тобистон
© Sputnik
Кишоварзони ин ноҳия мегуянд, ба чунин ҳол тағйирёбии иқлим сабаби таъхири кишт ва ҳосили зироатҳо мегардад.
Сокинон мегӯянд, агар ҳам барф дар остонаи фасли тобистон сафедии худро сари замину дарахтон нишон дод, вале ҳарорат ба дараҷае сард нест ва онҳо умедворанд, ки аз таъсири нури офтоб он зуд об шуда, аз ин ҳол заминҳои кишт ва ғураи дарахтон ба зудӣ раҳо хоҳанд ёфт.