https://sputnik.tj/20230525/saforat-tojikiston-muhojironi-tojik-katelniki-sharh-1057363530.html
Сафорати Тоҷикистон қазияи муҳоҷирони тоҷик дар Кателникиро шарҳ дод
Сафорати Тоҷикистон қазияи муҳоҷирони тоҷик дар Кателникиро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар бораи бадрафтории пулису боздоштҳои оммавии шаҳрвандони кишвар бо баҳонаҳои гуногун дар минтақаи Котелникии Маскавро шарҳ дод
2023-05-25T18:59+0500
2023-05-25T18:59+0500
2023-05-25T18:59+0500
дар тоҷикистон
сафорат
муҳоҷират
маскав
боздошт
муҳоҷирони корӣ
пулис
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045693243_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_2e7e57a325396ccff930a06db96b2995.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав эълон кардааст, ки аз рейди 20 майи соли 2023 дар ҳудуди минтақаи Котелникии шаҳри Маскав аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия огоҳ аст.Сафоратхабар додааст, ки шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон пас аз тафтиши асноди сабти иқомат аз шӯъбаҳои корҳои дохилии ин минтақаи шаҳр озод карда шуданд.Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия таъкид кардааст, ки ин масъала таҳти назорати Сафорат қарор додард.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон сафири Русия дар Душанберо ба ВУХ даъват карда буд ва дар бораи бораи боздоштҳои оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон бо баҳонаҳои гуногун дар қаламрави Русия гуфтугӯ карданд.Мақомоти Тоҷикистон нигарониҳои худро ба сафири Русия баён кард.Ёдовар мешавем, ки ахиран амалиёт дар Кателники нисбат ба муҳоҷирон баъди он шиддат гирифт, ки ҳафтаи гузашта гурӯҳе аз сокинони шаҳраки Котелникӣ ба Владимир Путин, президенти Русия муроҷиат карданд. Онҳо даъво намуданд, ки маҳалли зисташон ба “анклав ё ҷазираи тоҷик” табдил ёфта, 80 дарсади аҳолии онро муҳоҷирон ташкил медиҳанд.”Мо ҳатто аз баромадан ба кӯча метарсем ва худро амн эҳсос намекунем,”-гуфта шуд дар ин муроҷиатнома.Баъд аз ин муроҷиат кормандони пулиси Маскав дар ин минтақа рейд намуданд ва даст ба боздоштҳои оммавии шаҳрвандони Тоҷикитон заданд.
https://sputnik.tj/20230524/vukh-safiri-rusiya-latukubi-donishjuyon-tojik-hamkori-tasir-1057340066.html
маскав
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045693243_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_1871197509dec267331afbcbfdf3b8d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сафорат, маскав, боздошт, муҳоҷирон, тоҷик, бадрафторӣ пулис, муҳоҷират, русия
тоҷикистон, сафорат, маскав, боздошт, муҳоҷирон, тоҷик, бадрафторӣ пулис, муҳоҷират, русия
Сафорати Тоҷикистон қазияи муҳоҷирони тоҷик дар Кателникиро шарҳ дод
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар бораи бадрафтории пулису боздоштҳои оммавии шаҳрвандони кишвар бо баҳонаҳои гуногун дар минтақаи Котелникии Маскавро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав эълон кардааст, ки аз рейди 20 майи соли 2023 дар ҳудуди минтақаи Котелникии шаҳри Маскав аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия огоҳ аст.
Сафоратхабар додааст, ки шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон пас аз тафтиши асноди сабти иқомат аз шӯъбаҳои корҳои дохилии ин минтақаи шаҳр озод карда шуданд.
Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия таъкид кардааст, ки ин масъала таҳти назорати Сафорат қарор додард.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон сафири Русия дар Душанберо ба ВУХ даъват карда буд ва дар бораи бораи боздоштҳои оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон бо баҳонаҳои гуногун дар қаламрави Русия гуфтугӯ карданд.
Мақомоти Тоҷикистон нигарониҳои худро ба сафири Русия баён кард.
Ёдовар мешавем, ки ахиран амалиёт дар Кателники нисбат ба муҳоҷирон баъди он шиддат гирифт, ки ҳафтаи гузашта гурӯҳе аз сокинони шаҳраки Котелникӣ ба Владимир Путин, президенти Русия муроҷиат карданд. Онҳо даъво намуданд, ки маҳалли зисташон ба “анклав ё ҷазираи тоҷик” табдил ёфта, 80 дарсади аҳолии онро муҳоҷирон ташкил медиҳанд.
”Мо ҳатто аз баромадан ба кӯча метарсем ва худро амн эҳсос намекунем,”-гуфта шуд дар ин муроҷиатнома.
Баъд аз ин муроҷиат кормандони пулиси Маскав дар ин минтақа рейд намуданд ва даст ба боздоштҳои оммавии шаҳрвандони Тоҷикитон заданд.