https://sputnik.tj/20230525/naqsha-zelenskiy-ukraina-sulh-1057346675.html
Медведчук: Нақшаи Зеленский барои Украина сулҳомез нест
Медведчук: Нақшаи Зеленский барои Украина сулҳомез нест
Sputnik Тоҷикистон
Мухолифи украинӣ Зеленскийро "лӯхтак дар бозии каси дигар" номид, ки "бархӯрд бо қудрати ҳастаӣ барои гегемонияи комили НАТО дар ҷаҳон"-ро таблиғ мекунад
2023-05-25T11:39+0500
2023-05-25T11:39+0500
2023-10-02T17:12+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
сиёсат
русия
коршинос
киев
владимир зеленский
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/08/1054772002_0:67:2925:1712_1920x0_80_0_0_f447d0ba9fb7934f984b23a73e07c733.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Нақшаи ҳалли низоъ, ки раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский эълон кард, сулҳомез нест, менависад Telegram-канали "Другая Украина". Дар ин бора сиёсатмадори мухолиф Виктор Медведчук изҳорот додааст. Ба гуфтаи Медведчук, нақша аз се банд иборат аст: хуруҷи нерӯҳои Русия, муҷозоти Маскав ва бунёди низоми нави ҷаҳонӣ ва низоми амниятӣ дар ин замина. Вай тавзеҳ дод, ки дар паси чунин нақша Зеленский наистодааст."Чуноне мебинем, нуқоти аслии ин тарҳ муҷозот, заъиф ва шикасти низомии Русия аст", - шарҳ дод сиёсатмадори украинӣ ва афзуд, ки агар сухан дар бораи шикасти тарафе равад ин нақшаи сулҳ нест.Сиёсатмадор инчунин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки раҳбари режими Киев дар бораи сабабҳои муноқиша, ки "ба ворид шудани НАТО ба кишвар", сиёсати "миллатгароӣ ва қонуншикании ҷониби рост", "нақзи ҳуқуқҳои мардуми русзабон", ки ба сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст, ёдовар нашуд.Зеленский иқрор шуд, ки шаҳри Артемовск зери контроли нерӯҳои Русия астИлова бар ин, Зеленский дар бораи "пок кардани мухолифони сиёсӣ ва шаҳрвандоне, ки ба равобити неки ҳамсоягӣ ва дӯстона бо Маскав содиқанд" ҳарф намезанад. Медведчук ёдовар шуд, ки Киев дар фароҳам овардани заминаҳои сар задани амалиёти ҷангӣ нақши калидӣ бозид. Ва хар як омӯзиши сабабҳои ҷанг ба "шароитҳои ногувор барои дигар бозингарони ҷаҳон, хусусан иштиҳои софи блоки НАТО" ишора мекунад. Мухолифи украинӣ Зеленскийро "лӯхтак дар бозии каси дигар" номид, ки "бархӯрд бо қудрати ҳастаӣ барои гегемонияи комили НАТО дар ҷаҳон"-ро таблиғ мекунад."Ҷашни хунинро аллакай мардуми он кишварҳое пардохт мекунанд, ки ин девонагиро пуштибонӣ мекунанд. Ман таъкид мекунам, на ҳукуматҳое, ки Зеленскийро эҳтиром мекунанд, балки мардум - баъзеҳо аз ҳамёни худ, баъзеҳо бо дурнамои худ ва баъзеҳо бо ҳаёти худ", — гуфт ӯ. Вай таъкид кард, ки дар сурати додани аслиҳа ба Украина, расидан ба сулҳ ғайриимкон хоҳад буд. Ёдовар мешавем, ки Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев музокиротро дар сатҳи қонунгузорӣ мамнӯъ эълон карда буд. Кремл қайд кард, ки ҳоло барои гузариши вазъ дар Украина ба масири сулҳомез шароите вуҷуд надорад ва оғози гуфтушунид танҳо дар сурати эътирофи воқеиятҳои нав имконпазир аст. Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд". Вазифаи дигаи амалиёт нозизудоии Украина аст.
https://sputnik.tj/20230523/khotima-jang-putin-amaliyot-1057317894.html
русия
киев
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/08/1054772002_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_f3a727dee4648fd6a8a177499fe8560e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зеленский, украина, нақша
зеленский, украина, нақша
Медведчук: Нақшаи Зеленский барои Украина сулҳомез нест
11:39 25.05.2023 (Навсозишуда: 17:12 02.10.2023) Мухолифи украинӣ Зеленскийро "лӯхтак дар бозии каси дигар" номид, ки "бархӯрд бо қудрати ҳастаӣ барои гегемонияи комили НАТО дар ҷаҳон"-ро таблиғ мекунад
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Нақшаи ҳалли низоъ, ки раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский эълон кард, сулҳомез нест, менависад Telegram-канали "Другая Украина".
Дар ин бора сиёсатмадори мухолиф Виктор Медведчук изҳорот додааст.
"Нақшаи сулҳи ба таври васеъ эълоншудаи Зеленский, ки бо он бо ҳадафҳои таблиғотӣ дар саросари ҷаҳон сафар мекунад, нақша нест - ин танҳо як феҳристи хоҳишҳои Зеленский ва атрофиёни ӯ аст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Медведчук, нақша аз се банд иборат аст: хуруҷи нерӯҳои Русия, муҷозоти Маскав ва бунёди низоми нави ҷаҳонӣ ва низоми амниятӣ дар ин замина. Вай тавзеҳ дод, ки дар паси чунин нақша Зеленский наистодааст.
"Чуноне мебинем, нуқоти аслии ин тарҳ муҷозот, заъиф ва шикасти низомии Русия аст", - шарҳ дод сиёсатмадори украинӣ ва афзуд, ки агар сухан дар бораи шикасти тарафе равад ин нақшаи сулҳ нест.
Сиёсатмадор инчунин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки раҳбари режими Киев дар бораи сабабҳои муноқиша, ки "ба ворид шудани НАТО ба кишвар", сиёсати "миллатгароӣ ва қонуншикании ҷониби рост", "нақзи ҳуқуқҳои мардуми русзабон", ки ба сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст, ёдовар нашуд.
Илова бар ин, Зеленский дар бораи "пок кардани мухолифони сиёсӣ ва шаҳрвандоне, ки ба равобити неки ҳамсоягӣ ва дӯстона бо Маскав содиқанд" ҳарф намезанад.
Медведчук ёдовар шуд, ки Киев дар фароҳам овардани заминаҳои сар задани амалиёти ҷангӣ нақши калидӣ бозид.
Ва хар як омӯзиши сабабҳои ҷанг ба "шароитҳои ногувор барои дигар бозингарони ҷаҳон, хусусан иштиҳои софи блоки НАТО" ишора мекунад.
Мухолифи украинӣ Зеленскийро "лӯхтак дар бозии каси дигар" номид, ки "бархӯрд бо қудрати ҳастаӣ барои гегемонияи комили НАТО дар ҷаҳон"-ро таблиғ мекунад.
"Ҷашни хунинро аллакай мардуми он кишварҳое пардохт мекунанд, ки ин девонагиро пуштибонӣ мекунанд. Ман таъкид мекунам, на ҳукуматҳое, ки Зеленскийро эҳтиром мекунанд, балки мардум - баъзеҳо аз ҳамёни худ, баъзеҳо бо дурнамои худ ва баъзеҳо бо ҳаёти худ", — гуфт ӯ.
Вай таъкид кард, ки дар сурати додани аслиҳа ба Украина, расидан ба сулҳ ғайриимкон хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев музокиротро дар сатҳи қонунгузорӣ мамнӯъ эълон карда буд.
Кремл қайд кард, ки ҳоло барои гузариши вазъ дар Украина ба масири сулҳомез шароите вуҷуд надорад ва оғози гуфтушунид танҳо дар сурати эътирофи воқеиятҳои нав имконпазир аст.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард.
Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Вазифаи дигаи амалиёт нозизудоии Украина аст.