https://sputnik.tj/20230523/rusiya-maosh-muhojiron-shahrvandon-barobar-1057304996.html
Дар Русия мехоҳанд маоши муҳоҷиронро ба музди шаҳрвандон баробар кунанд
Дар Русия мехоҳанд маоши муҳоҷиронро ба музди шаҳрвандон баробар кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари ҳизби "Русияи одил- барои ҳақиқат" Сергей Миронов дар бораи ҳуқуқи коргарони хориҷӣ як қатор пешниҳодҳо ироа кард, ки якеаш баланд бардоштани маош аст
2023-05-23T14:30+0500
2023-05-23T14:30+0500
2023-05-23T14:30+0500
муҳоҷират
муҳоҷир
русия
идм
музди меҳнат
баробарҳуқуқӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102231/58/1022315855_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_13982a902a3c553792ccf6a4edb8c16f.jpg
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Корфармоёни Русия метавонанд ба муҳоҷирони корӣ на камтар аз шаҳрвандони Русия маош диҳанд. Чунин пешниҳодро раҳбари ҳизби "Русияи одил - Барои ҳақиқат" Сергей Миронов ба нахуствазир Михаил Мишустин фиристодааст. Тавре сиёсатмадор афзуд, вайронкунандагони ин қоида бояд ҷарима шаванд ва ҷаримаҳо барои беҳбуди зиндагии оилаҳои серфарзанд истифода шаванд. Фонди пуштибонӣ, ба ақидаи ӯ, метавонад аз ҳисоби андозҳои изофӣ барои истифодаи меҳнати муҳоҷирон низ ташкил шавад. Илова бар ин, Миронов тавсия дод, ки ҷарима барои корфармоён барои напардохтани ҳаққи суғуртаи коргарони хориҷӣ аз 20 то 100%-и ин маблағ афзоиш дода шавад. Қаблан хабар дода шуд, ки муносибати русиягиҳо нисбат ба муҳоҷирони корӣ, беҳтар шудааст.Муносибати русиягиҳо ба муҳоҷирон беҳтар шудаастСаҳми шаҳрвандоне, ки нисбат ба хориҷиён эҳсоси манфӣ надоранд, дар соли 2022 80,9 фоизро ташкил дод, дар ҳоле, ки як сол қабл ин нишондод дар сатҳи 74,6 фоиз буд.
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102231/58/1022315855_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_04e68784cb729f7fa6b89ceae0cd6324.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маош, муҳоҷирон, русия, баланд, баробар
маош, муҳоҷирон, русия, баланд, баробар
Дар Русия мехоҳанд маоши муҳоҷиронро ба музди шаҳрвандон баробар кунанд
Раҳбари ҳизби "Русияи одил- барои ҳақиқат" Сергей Миронов дар бораи ҳуқуқи коргарони хориҷӣ як қатор пешниҳодҳо ироа кард, ки якеаш баланд бардоштани маош аст
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Корфармоёни Русия метавонанд ба муҳоҷирони корӣ на камтар аз шаҳрвандони Русия маош диҳанд.
Чунин пешниҳодро раҳбари ҳизби "Русияи одил - Барои ҳақиқат" Сергей Миронов ба нахуствазир Михаил Мишустин фиристодааст.
"Дар сатҳи қонунгузорӣ корфармоён вазифадор карда шаванд, ки сатҳи маоши муҳоҷирони меҳнатиро на камтар аз он муқаррар кунанд, ки шаҳрвандони Русия дар вазифаҳои шабеҳ дар субъекти дахлдори Русия мегиранд", - пешниҳод кард Миронов.
Тавре сиёсатмадор афзуд, вайронкунандагони ин қоида бояд ҷарима шаванд ва ҷаримаҳо барои беҳбуди зиндагии оилаҳои серфарзанд истифода шаванд.
Фонди пуштибонӣ, ба ақидаи ӯ, метавонад аз ҳисоби андозҳои изофӣ барои истифодаи меҳнати муҳоҷирон низ ташкил шавад.
Илова бар ин, Миронов тавсия дод, ки ҷарима барои корфармоён барои напардохтани ҳаққи суғуртаи коргарони хориҷӣ аз 20 то 100%-и ин маблағ афзоиш дода шавад.
Қаблан хабар дода шуд, ки муносибати русиягиҳо нисбат ба муҳоҷирони корӣ, беҳтар шудааст.
Саҳми шаҳрвандоне, ки нисбат ба хориҷиён эҳсоси манфӣ надоранд, дар соли 2022 80,9 фоизро ташкил дод, дар ҳоле, ки як сол қабл ин нишондод дар сатҳи 74,6 фоиз буд.