Дар Қазон намоишгоҳи осори паёмбар Ҳазрати Муҳаммад (с) ҷараён дорад

© SputnikКусочек Черного камня Каабы в мечети "Кул-Шариф"
Кусочек Черного камня Каабы в мечети Кул-Шариф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Артефактҳо дар коллексияҳои шахсии намояндагони кишварҳои мухталифи Араб дар оилаҳои одамоне буданд, ки онҳоро барои таърих бодиққат ҳифз мекарданд
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар масҷиди Кул-Шарифи Қазон намоишгоҳи осори нодири Ҳазрати Муҳаммад (с) ва асҳоби ӯ кушода шуд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз намоишгоҳ дидан карда, чанд акс гирифт.
© SputnikМеч пророка Мухаммеда в мечети "Кул-Шариф"
Меч пророка Мухаммеда в мечети Кул-Шариф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2023
Меч пророка Мухаммеда в мечети "Кул-Шариф"
Дар намоиш шамшери худи Ҳузрати Муҳаммад (с), кӯзаҳои ҳамсараш Оиша ва духтараш Фотима, занҷири Холид ибни Валид, ханҷари нахустин халифа Абубакри Сиддиқ, порае аз Санги сиёҳи Каъба ва дигар ашёҳо нишон дода шудаанд.
Ин осорҳо дар коллексияҳои шахсии намояндагони кишварҳои мухталифи Араб дар оилаҳои одамоне буданд, ки онҳоро барои таърих бодиққат ҳифз мекарданд.
© SputnikЧаша пророка Мухаммеда в мечети "Кул-Шариф"
Чаша пророка Мухаммеда в мечети Кул-Шариф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2023
Чаша пророка Мухаммеда в мечети "Кул-Шариф"
Нахуст намоишгоҳ дар шаҳри Болгари Тотористон ифтитоҳ шуд, вале тасмим гирифта шуд, ки он ба пойтахти ин вилоят кӯчонида шавад, то ҳарчи бештари афроде, ки ба таърихи ислом таваҷҷӯҳ доранд, осори бебаҳоро бубинанд.
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки равобити Русия ва кишварҳои мусалмонӣ бар эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва ҳувияти тамаддунии ҳамдигар асос ёфтааст.
Вай ҳамчунин ба нақши муҳими мусулмонони Русия дар тавсеа ва барқарор кардани равобити нави байналмилалӣ таъкид кард.
Лентаи хабарҳо
0