https://sputnik.tj/20230523/idm-markaz-baynalmilalii-pulshui-1057302138.html
Дар ИДМ маркази байналмилалии арзёбии хатарҳои пулшӯӣ боз мекунанд
Дар ИДМ маркази байналмилалии арзёбии хатарҳои пулшӯӣ боз мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Коршиносони Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо аллакай лоиҳаи маркази навро ба мувофиқа расонида, барои имзо ба Шӯрои сарони давлатҳо пешниҳод кардаанд
2023-05-23T12:20+0500
2023-05-23T12:20+0500
2023-05-23T12:30+0500
идм
дар тоҷикистон
иқтисод
буҷа
тадобири амниятӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102239/38/1022393841_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_f95dd3623d77a6db41727805c911e9ae.jpg
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар фазои ИДМ таъсиси маркази байналмилалии арзёбии хатарҳои пулшӯӣ дар назар аст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ. Коршиносони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мавриди тарҳи созишнома дар бораи маркази байналмилалии арзёбии хатарҳои пулшӯӣ ба мувофиқа расиданд. Дар қароргоҳи ИДМ бо ширкати намояндагони Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон дар ин масъала ҷаласа баргузор шуд. Раддабандии ҳавои ИДМ: То чӣ андоза фазои кишварҳои Иттиҳод касиф аст?Пас аз баррасии эродҳо ва пешниҳодҳои аз давлатҳо расида, қарор шуд, ки бо тартиби муқарраршуда лоиҳаи созишнома ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ пешниҳод карда шавад. Донишманди тоҷик сазовори ҷоизаи “Ситораи Иттиҳод” шудКумитаи иҷроия қайд кард, ки таъсиси чунин марказ ба нигоҳ доштани табодули муассири иттилооти байнидавлатӣ тавассути кори воҳидҳои иктишофии молиявӣ ва таъмини арзёбии хатарҳои дахлдор мусоидат мекунад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102239/38/1022393841_222:0:2951:2047_1920x0_80_0_0_f4515ce26b0d49f4515648dacc1f85af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маркази байналмилалии хатарҳои пулшӯӣ, идм
маркази байналмилалии хатарҳои пулшӯӣ, идм
Дар ИДМ маркази байналмилалии арзёбии хатарҳои пулшӯӣ боз мекунанд
12:20 23.05.2023 (Навсозишуда: 12:30 23.05.2023) Коршиносони Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо аллакай лоиҳаи маркази навро ба мувофиқа расонида, барои имзо ба Шӯрои сарони давлатҳо пешниҳод кардаанд
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар фазои ИДМ таъсиси маркази байналмилалии арзёбии хатарҳои пулшӯӣ дар назар аст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Коршиносони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мавриди тарҳи созишнома дар бораи маркази байналмилалии арзёбии хатарҳои пулшӯӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар қароргоҳи ИДМ бо ширкати намояндагони Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон дар ин масъала ҷаласа баргузор шуд.
Пас аз баррасии эродҳо ва пешниҳодҳои аз давлатҳо расида, қарор шуд, ки бо тартиби муқарраршуда лоиҳаи созишнома ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ пешниҳод карда шавад.
Кумитаи иҷроия қайд кард, ки таъсиси чунин марказ ба нигоҳ доштани табодули муассири иттилооти байнидавлатӣ тавассути кори воҳидҳои иктишофии молиявӣ ва таъмини арзёбии хатарҳои дахлдор мусоидат мекунад.