https://sputnik.tj/20230523/erdughon-naqsha-surati-piruzi-elon-1057303062.html
Эрдуғон нақшаашро дар сурати пирӯзӣ эълон кард
Эрдуғон нақшаашро дар сурати пирӯзӣ эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури феълии Туркия эълон кард, ки дар Конститутсияи нав назару пешниҳодҳои аҳзоби дигари фаъол дар кишвар баррасӣ ва ба назар гирифта хоҳанд шуд
2023-05-23T13:58+0500
2023-05-23T13:58+0500
2023-05-23T21:17+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
интихобот
пирӯзӣ
раҷаб тайиб эрдуғон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1a/1056689115_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_4074ad24986a8850f5028052939e63e4.jpg
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар Туркия қонуни асосии нав қабул хоҳад шуд, ваъда дод раисҷумҳури феълӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон. Вай дар суҳбат бо шабакаи телевизионии TRT, таъкид намудаст дар сурати пирӯзӣ дар даври дуюми интихобот вазифаи асосияш таҳияи Конститутсияи нав хоҳад буд. "Корҳои заруриро дохили ҳизбамон мегузаронем. Дар байни ҳизбҳо муколама, ҷустуҷӯи ризоият мешавад. Агар онҳо пешниҳоде кунанд, мо онро мавриди омӯзиш қарор хоҳем дод", - гуфт Эрдуғон. Маврид ба зикр аст, ки то ҳол Эрдуғон ба қонуни асосии кишвараш тағйирот пешниҳод карда, аз ҷумла кишварро аз парлумонӣ ба президентӣ табдил дода, салоҳиятҳои раисҷумҳурро зиёду мақоми сарвазирро лағв намуд. Дар интихоботи 14 май дар Туркия 3 довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ сабқат карданд. Рақиби Эрдуғон, президенти феълии 69-сола номзади ягона аз Эътилофи ҷумҳурихоҳон, Камол Қиличдароғли 74-сола буд. Номзади мухолифинро 7 ҳизби Туркия ҷонибдорӣ карданд.Эрдуғон дар даври аввал беш аз 49% ва Қиличдароғлу ҳудуди 45%-и овозҳоро ба даст овард. Номзади сеюм Синон Огани 55-сола ҳудуди 5%-ро соҳиб шуд.Номзади охирин аз ҷиноҳи Memleket, Муҳаррем Инҷ буд, ки се рӯз пеш аз интихоботи даври аввал аз номзадии худ даст кашид ва тавзеҳ дод, ки ин корро зери бори туҳматҳо алайҳи ӯ ва наздиконаш кард.Дар даври дуюми интихоботи президентии Туркия, ки 28 май таъйин шудааст, собиқ номзад аз эътилофи Отатурк Синон Оган аз раисҷумҳури феълӣ пуштибонӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20230520/turkiya-masala-tahrim-rusiya-khost-gharb-amal-namekunad-erdughon-1057249595.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1a/1056689115_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_6d7a557502f03428143e8b43cb37cd86.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
туркия, соҳиб, конститутсия, пешниҳод, баррасӣ
туркия, соҳиб, конститутсия, пешниҳод, баррасӣ
Эрдуғон нақшаашро дар сурати пирӯзӣ эълон кард
13:58 23.05.2023 (Навсозишуда: 21:17 23.05.2023) Раисҷумҳури феълии Туркия эълон кард, ки дар Конститутсияи нав назару пешниҳодҳои аҳзоби дигари фаъол дар кишвар баррасӣ ва ба назар гирифта хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар Туркия қонуни асосии нав қабул хоҳад шуд, ваъда дод раисҷумҳури феълӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон.
Вай дар суҳбат бо шабакаи телевизионии TRT, таъкид намудаст дар сурати пирӯзӣ дар даври дуюми интихобот вазифаи асосияш таҳияи Конститутсияи нав хоҳад буд.
"Корҳои заруриро дохили ҳизбамон мегузаронем. Дар байни ҳизбҳо муколама, ҷустуҷӯи ризоият мешавад. Агар онҳо пешниҳоде кунанд, мо онро мавриди омӯзиш қарор хоҳем дод", - гуфт Эрдуғон.
Маврид ба зикр аст, ки то ҳол Эрдуғон ба қонуни асосии кишвараш тағйирот пешниҳод карда, аз ҷумла кишварро аз парлумонӣ ба президентӣ табдил дода, салоҳиятҳои раисҷумҳурро зиёду мақоми сарвазирро лағв намуд.
Дар интихоботи 14 май дар Туркия 3 довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ сабқат карданд. Рақиби Эрдуғон, президенти феълии 69-сола номзади ягона аз Эътилофи ҷумҳурихоҳон, Камол Қиличдароғли 74-сола буд. Номзади мухолифинро 7 ҳизби Туркия ҷонибдорӣ карданд.
Эрдуғон дар даври аввал беш аз 49% ва Қиличдароғлу ҳудуди 45%-и овозҳоро ба даст овард. Номзади сеюм Синон Огани 55-сола ҳудуди 5%-ро соҳиб шуд.
Номзади охирин аз ҷиноҳи Memleket, Муҳаррем Инҷ буд, ки се рӯз пеш аз интихоботи даври аввал аз номзадии худ даст кашид ва тавзеҳ дод, ки ин корро зери бори туҳматҳо алайҳи ӯ ва наздиконаш кард.
Дар даври дуюми интихоботи президентии Туркия, ки 28 май таъйин шудааст, собиқ номзад аз эътилофи Отатурк Синон Оган аз раисҷумҳури феълӣ пуштибонӣ мекунад.