Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вазорати дифои Русия дар бораи зарбаҳо ба фурудгоҳи Днепр хабар дод

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкИстребители Су-35С, архивное фото
Истребители Су-35С, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2023
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки дар натиҷаи мушакборони фурудгоҳи Днепр захоири тиру аслиҳа ва техникаҳои ҳавоӣ нобуд карда шуд
ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Артиши Русия бо мушакҳои ҳушманд ба захоири аслиҳаву тир, ва техникаҳои ҳавоӣ Қувваҳои мусаллаҳи Украинаро дар фурудгоҳи Днепр зарба заданд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-лейтенант Игор Конашенков хабар дод.
"Шабона артиши Русия бо мушакҳои дурпарвози дақиқ ба иншоотҳои фурудгоҳи Днепр зарба заданд. Ҳадафи зарбаҳо ба мақсад расид. Ҳама иншооти дахлдори лозима нобуд карда шуданд. Дар натиҷаи зарбаҳо захираҳои аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, таҷҳизоти ҳавоӣ, инчунин мавқеи техникӣ барои омода кардани мушакҳо знобуд карда шуданд", - гуфт Конашенков.
Владимир Зеленский на церемонии вручения премии Карла Великого в Аахене. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зеленский иқрор шуд, ки шаҳри Артемовск зери контроли нерӯҳои Русия аст
Маврид баз зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ амалӣ карда истодааст.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи амалиёти вижаи низомиро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0