https://sputnik.tj/20230522/tolibho-mutaahhid-hamkori-beshtar-eron-1057287075.html
Толибҳо: Мутааҳҳид ба ҳамкориҳои бештар бо Эрон ҳастем
Толибҳо: Мутааҳҳид ба ҳамкориҳои бештар бо Эрон ҳастем
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои толибҳо дар баёнияе эълом кард, кард, ки мутааҳҳид ба ҳамкориҳои бештар бо Эрон дар заминаҳои мухталиф аст
2023-05-22T15:10+0500
2023-05-22T15:10+0500
2023-05-22T15:10+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
ҳамкорӣ
толибон
вазорати дифоъи тоҷикистон
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717538_0:0:3005:1691_1920x0_80_0_0_2d2b74982e453eb8bb77a4950ee0b5f9.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Ҳукумати Афғонистон ҳамвора хоҳони равобити дӯстона бо Эрон буда ва хоҳони густариши ҳамкориҳои бештар дар заминаҳои мухталиф бо ин кишвар аст, эълон кардааст, муовини Ситоди артиши ҳукумати Толибон Молихон Сиддиқ, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс тудей”.Ба дунболи пайгириҳои ахири мақомоти аршади Эрон дар хусуси ҳаққобаи рӯдхонаи Ҳирманд, сомонаи расмии вазорати дифои ҳукумати Толибони Афғонистон аз мулоқоти Молихон Сиддиқ, муовини Ситоди артиши ҳукумати толибҳо бо Баҳроми Ҳусайнии Мутлақ, муовини Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар Кобул хабар дод.Дар гузориши расмии вазорати дифои ҳукумати Толибон омадааст, Молихон Сиддиқ зимн хушомадгӯӣ ба ҳайати эронӣ, ба ҳамкориҳо ва равобити ҳусни ду кишвари ҳамсоя ишора карда ва гуфт, ҳукумати Афғонистон ҳамвора хоҳони равобити нек бо Эрон буда ва мутааҳҳид ба ҳамкориҳои бештар дар заминаҳои мухталиф мебошад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сарпарасти сафорати Эрон дар Афғонистон дар ҳузури ҳақобаи Эрон аз руд Ҳирманд гуфт, толибҳо як моҳ барои озодсозии ҳақобаи Ҳирманд муҳлат дорад.
https://sputnik.tj/20230521/hushdori-eron-tolibho-moh-ozodsozi-haqoba-hirmand-muhlat-1057262171.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717538_47:0:2778:2048_1920x0_80_0_0_d3adc745a6c314986fe602b9f0c7a279.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибҳо, ҳамкорӣ, эрон, вазорати дифоъ, заминаҳои мухталиф,
афғонистон, толибҳо, ҳамкорӣ, эрон, вазорати дифоъ, заминаҳои мухталиф,
Толибҳо: Мутааҳҳид ба ҳамкориҳои бештар бо Эрон ҳастем
Вазорати дифои толибҳо дар баёнияе эълом кард, кард, ки мутааҳҳид ба ҳамкориҳои бештар бо Эрон дар заминаҳои мухталиф аст
ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Ҳукумати Афғонистон ҳамвора хоҳони равобити дӯстона бо Эрон буда ва хоҳони густариши ҳамкориҳои бештар дар заминаҳои мухталиф бо ин кишвар аст, эълон кардааст, муовини Ситоди артиши ҳукумати Толибон Молихон Сиддиқ, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс тудей”.
Ба дунболи пайгириҳои ахири мақомоти аршади Эрон дар хусуси ҳаққобаи рӯдхонаи Ҳирманд, сомонаи расмии вазорати дифои ҳукумати Толибони Афғонистон аз мулоқоти Молихон Сиддиқ, муовини Ситоди артиши ҳукумати толибҳо бо Баҳроми Ҳусайнии Мутлақ, муовини Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар Кобул хабар дод.
Дар гузориши расмии вазорати дифои ҳукумати Толибон омадааст, Молихон Сиддиқ зимн хушомадгӯӣ ба ҳайати эронӣ, ба ҳамкориҳо ва равобити ҳусни ду кишвари ҳамсоя ишора карда ва гуфт, ҳукумати Афғонистон ҳамвора хоҳони равобити нек бо Эрон буда ва мутааҳҳид ба ҳамкориҳои бештар дар заминаҳои мухталиф мебошад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сарпарасти сафорати Эрон дар Афғонистон дар ҳузури ҳақобаи Эрон аз руд Ҳирманд гуфт, толибҳо як моҳ барои озодсозии ҳақобаи Ҳирманд муҳлат дорад.