Расонаҳо: Собиқ номзад ба президентӣ дар Туркия аз Эрдуғон пуштибонӣ хоҳад кард

© AP / Emrah GurelЧеловек на фоне билборда с президентом Турции Реджепом Тайипом Ердоганом
Человек на фоне билборда с президентом Турции Реджепом Тайипом Ердоганом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2023
Обуна шудан
Собиқ номзади эътилофи Отатурк ба мақоми президентӣ дар Туркия, ки дар даври аввал беш аз 5%-и овозҳоро гирифт, муайян кардаст, ки киро пуштибонӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Дар даври дуюми интихоботи президентии Туркия собиқ номзад аз эътилофи Отатурк Синон Оган аз раисҷумҳури феълӣ Раҷаб Таййиб Эрдуғон пуштибонӣ хоҳад кард, иттилоъ додаст нашрияи Hürriyet.
Расона бо такя ба манобеяш навишааст, ки интизор меравад, собиқ номзад пуштибонияшро аз Эрдуғон 22 май эълон намояд. Интизор меравад, Оган бандҳоеро нашр кунад, ки бо президенти феълии Туркия баррасӣ дорад.
Пештар хабар дода шуда буд, ки Оган ваъда додааст, ки аз номзади мухолифин алайҳи Эрдуғон пуштибонӣ хоҳад кард, аммо танҳо дар сурати ошкоро аз ҳимояти курдҳо худдорӣ кардани номзад, ин корро анҷом медиҳад.
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2023
Туркия дар масъалаи таҳримҳо алайҳи Русия ба хости Ғарб амал намекунад: Эрдуғон
Маврид ба зикр аст, ки мақомоти Туркия гузориш дода буданд, ки дар натиҷаи ҳисоби раъйҳо ҳеч як номзад беш аз 50% нагрифт. Дар пайи муайян нашудани ғолиби интихобот дар даври аввал, даври дуюми он 28 май баргузор шавад.
Дар ҳамин ҳол, Комиссияи олии интихоботи Туркия дар анҷоми раъйдиҳӣ эълон дошта буд, ки ҳеч мушкили ҷидие дар раванди онро ба қайд нагирифтааст.
Дар интихоботи 14 май дар Туркия 3 довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ сабқат карданд. Рақиби Эрдуғон, президенти феълии 69-сола номзади ягона аз Эътилофи ҷумҳурихоҳон, Камол Қиличдароғли 74-сола буд. Номзади мухолифинро 7 ҳизби Туркия ҷонибдорӣ карданд.
Эрдуғон дар даври аввал беш аз 49% ва Қиличдароғлу зиёда аз 45%-и овозҳоро ба даст овард. Номзади сеюм Огани 55-сола ҳудуди 5%-ро соҳиб шуд.
Номзади охирин аз ҷиноҳи Memleket, Муҳаррем Инҷ буд, ки се рӯз пеш аз интихоботи даври аввал аз номзадии худ даст кашид ва тавзеҳ дод, ки ин корро зери бори туҳматҳо алайҳи ӯ ва наздиконаш кард.
Лентаи хабарҳо
0