Михалков аз ташкили Академияи синамои АвруОсиё гуфт

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкПрезидент ММКФ, председатель Союза кинематографистов России, режиссер Никита Михалков
Президент ММКФ, председатель Союза кинематографистов России, режиссер Никита Михалков  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2023
Обуна шудан
Нахуст ташаббуси таъсиси созмонро коргардони маъруф дар ҷаласаи Форуми иқтисодии АвруОсиё дар Бишкек дар моҳи майи соли 2022 ба миён гузошта буд
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи нахуствазири Русия Михаил Мишустин дар Чин масъалаи таъсиси Академияи синамои Авруосиё баррасӣ мешавад.
Дар ин бора хабаргузории РИА "Новости" бо такя ба коргардони рус Никита Михалков хабар додааст.
"Ба қарибӣ нахуствазири мо, ҷаноби Мишустин ба Чин парвоз мекунад ва дар барномаи ӯ музокирот дар бораи таъсиси академия бо раҳбарони олирутбаи Чин ворид шудаст", - гуфт Михалков.
Ба гуфтаи ӯ, таъсиси як созмони фарҳангӣ агар фаротар аз ҳудуди давлатҳои узви ИДМ бошад, дорои аҳамият хоҳад буд.
"Баъд аз он ки, ба назари ман, панҷ кишвар дар бораи таъсиси академия як ёддоштро имзо мекунанд, ҳама ҳамроҳ мешаванд, Нахуст ёддошти тафоҳумро Русия, Беларус, Чин, Ҳиндустон ва Эрон имзо мекунанд. Фикр мекунам, эҳтимол соли оянда ин рух диҳад", - афзуд мудир.
Режиссеры Дэн Кван и Дэниэл Шайнерт с наградами за лучшую режиссерскую работу на 95-й церемонии вручения наград премии Оскар в Голливуде  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2023
Ғолибияти зебо дар Ҳолливуд: лаҳазоти нотакрор аз маросими ҷоизасупории “Оскар-2023”
Ёдовар мешавем, ки ин ибтикор аз ҷониби Михалков дар ҷаласаи Форуми иқтисодии АвруОсиё дар Бишкек моҳи майи соли 2022 эълон шуда буд.
Вай ба ҷуз аз академия таъсиси ҷоизаи нав - "Оскари Авруосиё"-ро низ пешниҳод кардааст.
"Дар он асарҳое иштирок хоҳанд дошт, ки ба идеалҳое, ки мо таҳия мекунем, мувофиқат мекунанд, на расмҳое, ки моҳияти инсонро вайрон мекунанд", - таъкид кард Михалков.
Лентаи хабарҳо
0