https://sputnik.tj/20230521/makgregor-kharkov-odessa-hamlai-javobi-rusiya-1057262307.html
Макгрегор: Харков ва Одесса пас аз ҳамлаи ҷавобӣ ба дасти Русия меуфтад
Макгрегор: Харков ва Одесса пас аз ҳамлаи ҷавобӣ ба дасти Русия меуфтад
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ мушовири Пентагон ахиран гуфт, ки артиши Русия дар ҷавоби ҳамлаи ҷавобии артиши Украина минтақаҳои Харков ва Одессаро таҳти контроли худ мегирад
2023-05-21T13:00+0500
2023-05-21T13:00+0500
2023-05-21T13:00+0500
пентагон
амрико
русия
дар русия
артиш
харков
одесса
амалиёти вижа
донбасс
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/09/1056975223_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_7dd5d8a195486414491b7a557e19236a.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Дар натиҷаи ҳамлаи ҷавобии артиши Русия дар посух ба ҳамлаи қувваҳои мусаллаҳи Украина шаҳрҳои Харков ва Одесса таҳти назорати Русия қарор мегиранд.Иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости” дар истинод ба суханони мушовири собиқи раҳбари Пентагон, полковник Дуглас Макгрегор.Ба эътиқоди оқои Макгрегор, Киев охирин захираҳои инсонӣ, низомӣ ва фаннии худро масарф кардааст ва ба зудӣ наметавонад ба иқдомоти артиши Русия посухе диҳад.Макгрегор қайд кард, ки артиши Русия дидаву дониста ва бодиққат амал карда, аз мушакҳои дурпарвози дақиқ ва бартарии ҳавоӣ хуб истифода дорад.Дар ҳамин ҳол, коршинос мутмаин аст, ки ҳамлаи нави нерӯҳои Русия бо озодкунии минбаъдаи Харков ва Одесса тақрибан ногузир аст.Қаблан Макгрегор гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида Киевро дар назди интихоб мегузорад: музокирот дар бораи таслим шудан ё оғози ҳамла.Маврид баз зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ амалӣ карда истодааст.Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи амалиёти вижаи низомиро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
https://sputnik.tj/20230521/parchami-rusiya-ozodshuda-bakhmut-artemovsk-video-1057261846.html
амрико
русия
харков
одесса
донбасс
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/09/1056975223_137:0:2868:2048_1920x0_80_0_0_62291b46d9acf745c1c106ede2f5b1af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, амалиёти вижа, харков, одесса, ҳамлаи ҷавобӣ, таҳтӣ контрол, донбасс, пентагон, има
русия, украина, амалиёти вижа, харков, одесса, ҳамлаи ҷавобӣ, таҳтӣ контрол, донбасс, пентагон, има
Макгрегор: Харков ва Одесса пас аз ҳамлаи ҷавобӣ ба дасти Русия меуфтад
Собиқ мушовири Пентагон ахиран гуфт, ки артиши Русия дар ҷавоби ҳамлаи ҷавобии артиши Украина минтақаҳои Харков ва Одессаро таҳти контроли худ мегирад
ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Дар натиҷаи ҳамлаи ҷавобии артиши Русия дар посух ба ҳамлаи қувваҳои мусаллаҳи Украина шаҳрҳои Харков ва Одесса таҳти назорати Русия қарор мегиранд.
Иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости” дар истинод ба суханони мушовири собиқи раҳбари Пентагон, полковник Дуглас Макгрегор.
Ба эътиқоди оқои Макгрегор, Киев охирин захираҳои инсонӣ, низомӣ ва фаннии худро масарф кардааст ва ба зудӣ наметавонад ба иқдомоти артиши Русия посухе диҳад.
"Ман ба ҷанги барқосо ё блицкриги ногаҳонӣ бовар надорам, аммо Одесса ва Харков ҳатман таҳти назорати Маскав хоҳанд афтид", - мегӯяд коршинос.
Макгрегор қайд кард, ки артиши Русия дидаву дониста ва бодиққат амал карда, аз мушакҳои дурпарвози дақиқ ва бартарии ҳавоӣ хуб истифода дорад.
Дар ҳамин ҳол, коршинос мутмаин аст, ки ҳамлаи нави нерӯҳои Русия бо озодкунии минбаъдаи Харков ва Одесса тақрибан ногузир аст.
Қаблан Макгрегор гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида Киевро дар назди интихоб мегузорад: музокирот дар бораи таслим шудан ё оғози ҳамла.
Маврид баз зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ амалӣ карда истодааст.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи амалиёти вижаи низомиро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.