https://sputnik.tj/20230520/zanozani-bakilon-parlumon-gurjiston-video-1057254287.html
Дар парлумони Гурҷистон ҳарфҳои вазири умури дохилӣ занозаниро ба бор овард: Видео
Дар парлумони Гурҷистон ҳарфҳои вазири умури дохилӣ занозаниро ба бор овард: Видео
Sputnik Тоҷикистон
Занзанӣ миёни вакилони парлумон дар Гурҷистон пасаз он шурӯъ шуд, ки вазири умури дохилӣ дар бораи эътирозҳои ахири ин кишвар ҳарф зад 20.05.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-05-20T18:05+0500
2023-05-20T18:05+0500
2023-05-20T18:05+0500
видео
гурҷистон
вакилон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/14/1057254469_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_58a1a08b747f4a65bd6c532c343dda93.jpg
Задухӯрд дар толори маҷлиси парлумони Гурҷистон миёни намояндагони гурӯҳи сиёсии "Нерӯи мардум" ва намояндагони мухолифин сурат гирифт.Бар хабари Sputnik Гурҷистон, вакилон ҳангоми суханронии вазири умури дохилӣ Вахтанг Гомелаурӣ занозанӣ карданд.Вазир ба вакилони порлумон дар бораи вазъи тазоҳуроти зидди қонунҳо "Дар бораи агентҳои хориҷӣ" дар рӯзҳои 7 ва 8 март, ки бо ошӯб ва пароканда кардани эътирозгарон анҷом ёфт, нақл кард. Дар Кремл гуфтанд, ки пушти эътирозҳои Гурҷистон кӣ меистадБаъд аз он вакилон ҳуқуқи суханронӣ пайдо карданд. Изҳороти тунди раҳбари "Стратегияи Агмашенебели" Гиоргий Вашадзе алайҳи намояндагони "Нерӯи мардум" ва ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон - Гурҷистони демократӣ" дар толори нишаст ҳангома ба бор овард, ки ба таҳқири мутақобилаи байни ду ҷониб табдил ёфт. Вақе Вашадзе аз минбар фаромад, дар байни ӯ ва вакили "Нерӯи мардум" Дача Берай задухӯрд ба амал омад, ки ба он дигар вакилони парлумон ҳамроҳ шуданд.Фақат бо мудохилаи вакилони дигар ва иҷрочиёни суд ин занозанӣ поён ёфт.
гурҷистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/14/1057254469_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_d757fede14be2f6e2734ea2a8873f79b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, видео, гурҷистон, вакилон
видео, видео, гурҷистон, вакилон
Дар парлумони Гурҷистон ҳарфҳои вазири умури дохилӣ занозаниро ба бор овард: Видео
Занзанӣ миёни вакилони парлумон дар Гурҷистон пасаз он шурӯъ шуд, ки вазири умури дохилӣ дар бораи эътирозҳои ахири ин кишвар ҳарф зад
Задухӯрд дар толори маҷлиси парлумони Гурҷистон миёни намояндагони гурӯҳи сиёсии "Нерӯи мардум" ва намояндагони мухолифин сурат гирифт.
Бар хабари Sputnik Гурҷистон, вакилон ҳангоми суханронии вазири умури дохилӣ Вахтанг Гомелаурӣ занозанӣ карданд.
Вазир ба вакилони порлумон дар бораи вазъи тазоҳуроти зидди қонунҳо "Дар бораи агентҳои хориҷӣ" дар рӯзҳои 7 ва 8 март, ки бо ошӯб ва пароканда кардани эътирозгарон анҷом ёфт, нақл кард.
Баъд аз он вакилон ҳуқуқи суханронӣ пайдо карданд. Изҳороти тунди раҳбари "Стратегияи Агмашенебели" Гиоргий Вашадзе алайҳи намояндагони "Нерӯи мардум" ва ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон - Гурҷистони демократӣ" дар толори нишаст ҳангома ба бор овард, ки ба таҳқири мутақобилаи байни ду ҷониб табдил ёфт.
Вақе Вашадзе аз минбар фаромад, дар байни ӯ ва вакили "Нерӯи мардум" Дача Берай задухӯрд ба амал омад, ки ба он дигар вакилони парлумон ҳамроҳ шуданд.
Фақат бо мудохилаи вакилони дигар ва иҷрочиёни суд ин занозанӣ поён ёфт.