Расман: Тоҷикистон сертификати “Давлати аз вараҷа озод”- ро гирифт

© Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ТоҷикстонҶамолиддин Абдуллозода ва Тедрос Адханом Гебрейесус дар Женева
Ҷамолиддин Абдуллозода ва Тедрос Адханом Гебрейесус дар Женева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2023
Обуна шудан
Ҳуҷҷати мазкурро роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт зимни вохӯрӣ бо вазири тандурустии Тоҷикистон дар шаҳри Женева тақдим кард
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири беҳдоши Тоҷикистон аз дасти роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт сертификати “Давлати озод аз араҷа” – ро гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.
“Дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Дабири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификати “Давлати аз вараҷа озод” тақдим карда шуд”, - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ меафзояд, вазири тоҷик ҳоло дар шаҳри Женева қарор дорад ва дар рафти мулоқот бо Дабирии СҶБ масъалаи густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд.
Ёдовар мешавем, моҳи марти соли равон ин созмон Тоҷикистонро ба феҳрасти 40 кишвари дунё, ки бар зиди вараҷа пирӯз омаданд, ворид кард.
Здание правительства Республики Таджикистан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2023
Созмони ҷаҳонии беҳдошт Тоҷикистонро давлати аз вараҷа озод эътироф кард
Он замон таъкид гардид, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон барои аз байн бурдани бемории вараҷа дар қаламравашон сертификат додааст.
Дар Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб ягон ҳодисаи гирифторӣ аз бемории вараҷа сабт нагардидааст.
Лентаи хабарҳо
0