Григорев: дар як сол ҳудуди 5000 тоҷикистонӣ ба донишгоҳҳои Русия дохил шуд

© Российский центр науки и культуры в ДушанбеПредставительство Россотрудничества в Таджикистане организовало «Большой этнографический диктант»
Представительство Россотрудничества в Таджикистане организовало «Большой этнографический диктант»  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2023
Обуна шудан
Сафири Русия дар Тоҷикистон аз таваҷҷӯҳи зиёди тоҷикистониён ба донишгоҳҳои олии Русия қайд намуда, афзуд ин раванд боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд, дар як сол 22% афзуда, ба 28 ҳазор нафар расид.
Дар ин бора Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи 11-умин Намоишгоҳи байналмилалии таълимии "Маорифи Русия ва Беларус. Тоҷикистон", ки дар Душанбе ифтитоҳ ёфт, хабар дод.
"Дар соли 2023 беш аз 28 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекарданд, як сол қабл ин рақам ба 23 ҳазор нафар баробар буд. Афзоиши солона 22% ташкл медиҳад ва фикр мекунам, ки ин ҳадди ниҳоӣ нест", - тавзеҳ дод сафир.
Ба таъкиди ӯ, шумори донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, афзоиш хоҳад ёфт, "зеро омор муассир будани ин корро равшан нишон медиҳад".
Ҳамзамон, ӯ ба омилҳое ишора кард, ки фаъолияти муштарак дар соҳаи маорифи Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд.
"Дарвоқеъ, кишварҳои мо фазои ягонаи таълимӣ доранд, барномаҳои таълимии шабеҳ дар мактабҳо амалӣ мешаванд, ҳуҷҷатҳои дар ҳарду кишвар содиршуда ба ҳамдигар баробаранд", - гуфт дипломат.
Ба гуфтаи ӯ, вазъи демографӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ниёз ба дастрасӣ ба таҳсилоти олӣ пайваста афзоиш хоҳад ёфт.
Студенты на лекции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2023
Русия квотаи таҳсил барои тоҷикистониёнро зиёд мекунад
"Ва ин ҳам ба дӯши низоми таҳсилоти олии Тоҷикистон ва ҳам ба дӯши донишгоҳҳои Федератсияи Русия ва Беларус ва дар маҷмуъ дигар кишварҳои ИДМ бори гарон ва масъулияти иловагӣ мегузорад", - хулоса кард Григорев.
Дар Душанбе бори нахуст намоишгоҳи таълимӣ бо ширкати донишгоҳҳои Беларус баргузор мешавад. Дар ин ҷо 49 донишгоҳ, ки 39-тоаш русӣ ва 10-тои белорус аст, намояндагӣ мекунанд. Намояндагони муассисаҳои таълимӣ довталабонро бо самтҳо ва барномаҳои таҳсил, шароити қабул ва ҷойгиршавӣ шинос мекунанд
Лентаи хабарҳо
0