Футболбози тоҷик қаҳрамони Эрон шуд

© Хадамоти матбуоти ФФТВаҳдат Ҳаннонов қаҳрамони Эрон шуд
Ваҳдат Ҳаннонов қаҳрамони Эрон шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2023
Обуна шудан
Ин футболбози тоҷик, ки ҳанӯз моҳи ноябри соли 2021 аз дастаи "Истиқлол" ба бошгоҳи "Персеполис" гузариш кард, ҳоло қаҳрамони Эрон гардид
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Ваҳдат Ҳаннонов дар ҳайати бошгоҳи футболи "Персеполис" қаҳрамони Эрон шуд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, дар даври ниҳоии қаҳрамонии Эрон "Персеполис" дар меҳмонӣ бо тими "Нассоҷии Мозандарон" бо ҳисоби бузурги 4:0 пирӯз шуд.
Ҳамин тариқ дастаи "Персеполис" дар 30 бозӣ бо 66 имтиёз ғолиби чемпионат гардид.
Таджикская футбольная команда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2022
Чанд футболбози тоҷик дар бошгоҳҳои хориҷӣ бозӣ мекунанд?
Манбаъ меафзояд, дар мавсими хотимаёфта ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Ваҳдат Ҳаннонов дар ҳайати дастаи "Персеполис" дар маҷмӯъ даҳ бозӣ анҷом дода, як гол ва як партофти головарро ба номаш сабт намуд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 Ваҳдат Ҳаннонов ва Манучеҳр Сафаров футболбозони тоҷик бо қарордоди сесола ба тими футболи “Персеполис”- и Эрон пайвастанд.
Ваҳдат Ҳаннонов ва Манучеҳр Сафаров ҳар ду вориди тими миллии футболи кишвар буда, қаблан дар бошгоҳи "Истиқлол" бозӣ мекарданд.
Ин ҷавонон аз аввалинҳое дар Тоҷикистон ҳастанд, ки дар Лигаи олии Эрон бозӣ мекунанд ва қаблан қарордоди умумии онҳоро камтар аз 200 ҳазор доллар арзёбӣ карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0