https://sputnik.tj/20230519/rahbar-chin-inqilob-ranga-osiyoi-miyona-1057230519.html
Раҳбари Чин: Набояд ба "инқилобҳои ранга" дар Осиёи Миёна роҳ дод
Раҳбари Чин: Набояд ба "инқилобҳои ранга" дар Осиёи Миёна роҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Сарвари Чин даъват кард, ки аз ҳар гуна кӯшишҳои берунӣ барои таҳрики вазъи ноустувор дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ҷилавгирӣ шавад
2023-05-19T13:35+0500
2023-05-19T13:35+0500
2023-05-19T13:35+0500
чин
осиёи марказӣ
амният ва мудофиа
оромӣ
субот
сӣ ҷинпин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/08/1056322667_0:0:3070:1728_1920x0_80_0_0_69888abdaad2b1a1ce1b07e7e94698db.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ба кӯшишҳои беруна барои барангехтани "инқилобҳои ранга" муқовимат кунанд. Ин нуктаро раисҷумҳури Чин, Си Ҷинпин зимни саммити якум бо сарони кишварҳои Осиёи Миёна дар шаҳри Сиан таъкид кард, навиштааст Синхуа. Роҳбари Чин барои кишварҳои минтақа муҳим хондааст, ки дар мавриди терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ таҳаммули сифрӣ бояд риоя карда шавад. Вай таъкид кард, ки давлатҳо бояд ташаббуси глобалии амниятиро якҷоя амалӣ созанд.Вай изҳор дошт, ки ҷаҳон ба Осиёи Марказии ором ниёз дорад ва барои ин дар дохили он сулҳро нигоҳ доштан лозим аст. "Соҳибихтиёрӣ, амният, истиқлолият ва тамомияти арзии Осиёи Марказӣ ҳифз шуда, роҳи рушде, ки мардуми Осиёи Марказӣ интихоб кардааст, эҳтиром гузошта шавад", - илова намудаст ӯ. Раиси Чин ҳамчунин бар зарурати пуштибонӣ аз талошҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки барои расидан ба сулҳу оромӣ ва субот равона шудаанд, таъкид кардааст.Маврид ба зикр аст, ки дар нишасти сарони Чин-Осиёи Марказӣ, ки аз 18 то 19 май дар Сиани Чин баргузор шуд, раисони ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон - Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон - Содир Ҷабборов ва Туркманистон - Сардор Бердимуҳаммадов ширкат карданд. Интизор меравад, ки мулоқоти дигари роҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна ва Чин соли 2025 дар Қазоқистон баргузор карда шавад.
https://sputnik.tj/20230519/jinpin-rahmon-miyoni-saroni-davlat-1057228612.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/08/1056322667_143:0:2874:2048_1920x0_80_0_0_3cfcf43cef4fb3992c2af070927fddf1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
си ҷинпин, инқилоб, ранга, осиёи марказӣ, чин
си ҷинпин, инқилоб, ранга, осиёи марказӣ, чин
Раҳбари Чин: Набояд ба "инқилобҳои ранга" дар Осиёи Миёна роҳ дод
Сарвари Чин даъват кард, ки аз ҳар гуна кӯшишҳои берунӣ барои таҳрики вазъи ноустувор дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ҷилавгирӣ шавад
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ба кӯшишҳои беруна барои барангехтани "инқилобҳои ранга" муқовимат кунанд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Чин, Си Ҷинпин зимни саммити якум бо сарони кишварҳои Осиёи Миёна дар шаҳри Сиан таъкид кард, навиштааст Синхуа.
Роҳбари Чин барои кишварҳои минтақа муҳим хондааст, ки дар мавриди терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ таҳаммули сифрӣ бояд риоя карда шавад.
Вай таъкид кард, ки давлатҳо бояд ташаббуси глобалии амниятиро якҷоя амалӣ созанд.
"Шаш кишвар бояд ба мудохилаи беруна ба умури дохилии кишварҳои минтақа, инчунин кӯшиши барангехтани "инқилобҳои ранга" ба таври қатъӣ муқобилат кунанд", - таъкид намудаст Ҷинпин.
Вай изҳор дошт, ки ҷаҳон ба Осиёи Марказии ором ниёз дорад ва барои ин дар дохили он сулҳро нигоҳ доштан лозим аст.
"Соҳибихтиёрӣ, амният, истиқлолият ва тамомияти арзии Осиёи Марказӣ ҳифз шуда, роҳи рушде, ки мардуми Осиёи Марказӣ интихоб кардааст, эҳтиром гузошта шавад", - илова намудаст ӯ.
Раиси Чин ҳамчунин бар зарурати пуштибонӣ аз талошҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки барои расидан ба сулҳу оромӣ ва субот равона шудаанд, таъкид кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар нишасти сарони Чин-Осиёи Марказӣ, ки аз 18 то 19 май дар Сиани Чин баргузор шуд, раисони ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон - Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон - Содир Ҷабборов ва Туркманистон - Сардор Бердимуҳаммадов ширкат карданд.
Интизор меравад, ки мулоқоти дигари роҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна ва Чин соли 2025 дар Қазоқистон баргузор карда шавад.