Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Кушта шудани 70 сарбози украинӣ ва зархарид дар Артемовск дар як шабонурӯз

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкРазрушенные дома в Артёмовске.
Разрушенные дома в Артёмовске. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2023
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки дар наздикии шаҳри Артемовск артиши Украина беш аз 70 сарбозу зархаридашро аз даст додааст
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Вазорати дифои Русия медиҳад, ки Артиши Русия дар давоми як шабонарӯз беш аз 70 сарбози украинӣ ва зархарид, инчунин ду радар сохти амрикоии AN/TPQ-50-ро дар самти Артёмовски ҶМД нобуд карданд.
Бино бар иттилои манбаъ, дар рӯзи гузашта сарбозони ҳамлагари Русия амалиётҳои низомиро дар қисми ғарбии шаҳри Артёмовск идома доданд.
Қисмҳои гурӯҳи "Ҷанубӣ"-и артиши Русия душманро боздошта, паҳлуҳои қисмҳои ҳамлагарро ҳимоят кардааст.
Нерӯҳои ҳавоӣ ва тӯпхонаии ин гурӯҳ дар мавзеи Калиновка, Часов Яр ва Красний ба сарбозон ва техникаи душман зарба заданд.
"Дар давоми 24 соати охир ҳавопаймоҳо дар ин минтақа 5 парвоз анҷом доданд. Тӯпхонаӣ 68 супориш анҷом доданд. Дар ҷараёни набардҳо беш аз 70 нафар низомиён ва зархаридони украинӣ, ду мошини ҷангии пиёда, як мошини зиреҳпӯш, се мошини боркаш нобуд карда шуданд”, - гуфт вазорати дифоъ.
Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лукашенко ба ҳамлаи ҷавобии артиши Украина бовар надорад
Ҳамзамон вазорати дифои Русия аз нобудсохтани тӯпхонаи худгард Гвоздика, инчунин ду радари сохти амрикоӣ AN/TPQ-50 хабар дод.
Маврид баз зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ амалӣ карда истодааст.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи амалиёти вижаи низомиро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0