Истиқболи Тоҷикистон аз фаъолияти пойгоҳи соҳибкории хурду миёнаи Русия

© Sputnik / Алексей ДаничевМужчины с портфелем в руке. Архивное фото
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2023
Обуна шудан
Намояндагони бахши хусусии Тоҷикистон бо истиқбол аз фаъолияти пойгоҳи соҳоибкории хурду миёнаи Русия таъкид намуданд, ки аллакай ба истифодаи он оғоз кардаанд
ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Соҳибкорон аз Тоҷикистон натиҷаҳои кор бо платформаи соҳибкории хурду миёнаи Русияро (СХМ) мусбат арзёбӣ мекунад.
Ин нуктаро яке аз масъулони Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон Алишер Тоҷиев зимни ҳамоиши байналмилалии "Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum" баён дошт, иттилоъ дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
"Коре, ки пойгоҳи соҳибкории хурду миёна кард, натиҷаи хуб дод. Барои дастгирии соҳибкорони хурду миёна мо аз пойгоҳ истифода кардем ва барои хариди маҳсулот пешниҳодҳои ҷавобӣ ирсол кардем" - изҳор дошт Тоҷиев.
Тоҷиев афзуд, ки ба шарофати хизматрасонии ин пойгоҳ, имкон пайдо шуд, ки дар як моҳ 4 шартнома баста шаваду, ба ҷумҳурӣ маҳсулот ворид гардад.
Выставка Согд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2023
Аз Русия то Эрону Туркия ва Чин: Иштироки кишварҳои мухталиф дар намоишгоҳи "Суғд-2023"
Маврид ба зикр аст, ки Русия шарики калонтарини тиҷории Тоҷикистон ва яке аз таъминкунандагони асосии маҳсулоти сохтмонӣ мебошад.
Ахиран мудири Маркази тадқиқоти геополитикии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Гузел Майтдинова, изҳор дошт, ки Осиёи Миёна ба метал ва чӯбу тахта аз Сибир ниёз дорад.
Чӯбу тахта ва маҳсулоти металлургӣ дар баробари маводи сӯзишворӣ аз маҳсулоти аслии воридотии Тоҷикистон аз Русия ба шумор мераванд. Дар сохтмонҳои ҷумҳурӣ асосан чӯб ва арматураи тавлиди Русия истифода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0