Ҳаво дар Тоҷикистон то 38 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik Дети играют на улице с родителями в летний день в Душанбе
Дети играют на улице с родителями в летний день в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2023
Обуна шудан
Ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон вобаста ба минтақаҳо фарқ карда, дар бархе минтақаҳо то 4 дараҷа сард мешаваду дар қисме то наздики 40 дараҷа гармӣ мерасад
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон камабри тағйирёбанда дар назар аст, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд.
Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм дар назар буда, дар шарқи вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Суғдро ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳои шимоли Тоҷикистон шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм дар назар аст.
Объявление купаться запрещено, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Халосӣ аз гирдоб: тавсияҳои КҲФ барои ғарқ нашудан зимни оббозӣ
Вилояти Хатлонро ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар пеш буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 11+16 ва рӯзона ба 24+29 дараҷа гармӣ хоҳад расид.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш фаро мегирад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 12+17, рӯзона 27+32 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо рӯзона 22+27 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Душанберо ҳавои камабри бебориш дар пеш буда, ҳарорат шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар иттилоия.
Лентаи хабарҳо
0