https://sputnik.tj/20230517/narkh-rubl-tojikiston-pointar-1057172164.html
Нархи рубл дар Тоҷикистон боз поинтар рафт
Нархи рубл дар Тоҷикистон боз поинтар рафт
Sputnik Тоҷикистон
Аз аввали ҳафтаи равон нархи ҳазор рубли Русия дар Тоҷикистон ба андозаи 4 сомонӣ поин рафт. Дар зимн арзиши евро дар ҷумҳурӣ боло рафтааст
2023-05-17T10:55+0500
2023-05-17T10:55+0500
2023-05-17T10:55+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
сармоя
маблағ
бмт
қурб
рубл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102438/83/1024388363_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_2ae2d87852f486114d61085e5c1b3636.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби 1 ҳазор рубли русиро дар ҷумҳурӣ 136 сомонӣ муқаррар кардааст, ки дар муқоиса бо нишондоди рӯзи қабл 1 сомонӣ поинтар мебошад. Бар асоси нархномаҳои БМТ, аз аввали ҳафтаи равон арзиши ҳазор рубли Русия 4 сомонӣ поин рафт. Нархи доллари амрикоӣ низ дар ҷумҳурӣ каме поин рафта, ба 10.9134 сомонӣ баробар шудаст. Қурби евро бошад, бархилофи рубл ва доллар майли гароншавӣ дошта, ба иттилои БМТ дар зинаи 11.8814 сомонӣ қарор гирифтаст. Дар мавриди қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки 1 доллари ИМА аз 10.9134 то 10.9400 сомонӣ харидуфурӯш мешавад. Нархи харидуфурӯши ҳазор рубли русӣ дар бозори нақди Тоҷикистон аз 136 то 139 сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондод барои евро муодили 11.8814 то 12.1800 сомонӣ мебошад. БМТ таъкид намудаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Ин ниҳод ҳушдор додаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
https://sputnik.tj/20230517/sarmoyaguzori-rusiya-iqtisod-osiyo-markazi-1057167597.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102438/83/1024388363_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_adf74a16e6e96bbaf7c0b56f3843b91e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх, рубл, тоҷикистон, чанд, қурб
нарх, рубл, тоҷикистон, чанд, қурб
Нархи рубл дар Тоҷикистон боз поинтар рафт
Аз аввали ҳафтаи равон нархи ҳазор рубли Русия дар Тоҷикистон ба андозаи 4 сомонӣ поин рафт. Дар зимн арзиши евро дар ҷумҳурӣ боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби 1 ҳазор рубли русиро дар ҷумҳурӣ 136 сомонӣ муқаррар кардааст, ки дар муқоиса бо нишондоди рӯзи қабл 1 сомонӣ поинтар мебошад.
Бар асоси нархномаҳои БМТ, аз аввали ҳафтаи равон арзиши ҳазор рубли Русия 4 сомонӣ поин рафт.
Нархи доллари амрикоӣ низ дар ҷумҳурӣ каме поин рафта, ба 10.9134 сомонӣ баробар шудаст.
Қурби евро бошад, бархилофи рубл ва доллар майли гароншавӣ дошта, ба иттилои БМТ дар зинаи 11.8814 сомонӣ қарор гирифтаст.
Дар мавриди қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки 1 доллари ИМА аз 10.9134 то 10.9400 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Нархи харидуфурӯши ҳазор рубли русӣ дар бозори нақди Тоҷикистон аз 136 то 139 сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондод барои евро муодили 11.8814 то 12.1800 сомонӣ мебошад.
БМТ таъкид намудаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Ин ниҳод ҳушдор додаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.