Хунукназарӣ ба бемор: Ҳабси пизишк дар робита ба марги духтарчаи ноболиғ дар Душанбе

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкВрач в больнице, архивное фото
Врач в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2023
Обуна шудан
Прокуратураи шаҳри Душанбе мегӯяд, ки сабаби марги ноболиғ дорувории “Лидаза” будааст, ки аз ҷониби духтур-ҷарроҳ бе зарурият таъйин ва гузаронида шудааст
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Ҳодисаи фавти нобаҳангоми ноболиғ Шукурова Севинч 2006 соли таваллудаш аз ҷониби прокуратураи ноҳияи И.Сомонӣ аз лаҳзаи ба вуқуъ омадани ҳодиса мавриди санҷиш қарор дода шуд, иттилоъ додааст Прокуратураи шаҳри Душанбе.
Манбаъ мегӯяд, бо мақсади муайян кардани сабаби марги номбурда ва ҷой доштани ҳолати номатлуб иҷро кардани вазифаҳои касбӣ аз ҷониби духтурон, худи ҳамон рӯз ташхиси комиссионии суди-тиббӣ таъин гаштааст.
“Тибқи он сабаби марги ноболиғ Шукурова С. пайдо шудани садамаи анафилактикӣ аз маҳлули дорувории “Лидаза” буда, ки аз ҷониби духтур-ҷарроҳ Ҳоҷиев Абдурасул Муҳамадиевич бе зарурият таъин ва гузаронида шудааст. Дар натиҷаи номатлуб иҷро намудани вазифаҳои касбӣ аз ҷониби духтур-ҷарроҳ Ҳоҷиев А.М. ҳолати ноболиғ Шукурова С. вазнин гардида, номбурда фавтидааст”, - таъкид кардааст прокуратураи шаҳри Душанбе.
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2023
Прокуратура низ тафтиши холисонаи қазияи муҳоҷирзани тоҷикро аз Русия хост
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки вобаста ба ҳолати мазкур 16 майи соли 2023 аз ҷониби прокуратураи ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе нисбати духтур-ҷарроҳи МД Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ парвандаи оғоз гардидааст.
Инчунин прокуратур зикр кардааст, ки нисбати пизишк чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шуд.
Дар ҳоли ҳозир тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш модари ин духтари ноболиғ Зуҳурова Шоира дар сомонаҳои иҷтимоӣ вобаста ба ҳолати фавти духтараш ба муроҷиат карда буд, ки боиси сару садоҳои зиёде шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0