https://sputnik.tj/20230516/uft-yakbora-qurb-rubl-tojikiston-1057128427.html
Уфти якбораи қурби рубл дар Тоҷикистон
Уфти якбораи қурби рубл дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ эълон кард, ки тибқи он нархи пули миллии кишвар дар баробари рублу евро боло рафтаст
2023-05-16T09:42+0500
2023-05-16T09:42+0500
2023-05-16T09:42+0500
дар тоҷикистон
қурб
ҷаҳиши қурб
бонки миллӣ
иқтисод
рубл
доллар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_e7acd0390934aedc3e0e0f89484b7f28.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Нархи пули миллии Тоҷикистон дар баробари асъори русӣ якбора боло рафта, арзиши доллари амрикоӣ низ дар ҷумҳурӣ афзоиш ёфтааст. Ба иттилои Бонки милли ҷумҳурӣ, нархи 1 ҳазор рубли русӣ дар ҷумҳурӣ ба 137 сомонӣ баробар шуд, ки дар муқоиса бо нишондоди рӯзи қаблӣ 3 сомонӣ камтар аст. Пули Русия дар ҳоле майл ба поинравӣ ниҳодаст, ки тайи рӯзҳои охир арзиши ҳазор рубл дар Тоҷикистон аз ҳадди 140 сомонӣ болотар буд. Бонки миллии Тоҷикистон инчунин арзиши 1 доллари амрикоиро 10.9141 сомонӣ муқаррар кардаст, ки дар муқоиса бо нишондоди рӯзи қаблӣ каме болотар мебошад. Нархи евро бошад дар баробари пули миллии Тоҷикистон каме поин рафта, муодили 11.88 сомонӣ шудааст. Дар мавриди қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон, иттилоъ дода шуд, ки 1 ҳазор рубли русӣ аз 137 то 140 сомонӣ харидуфурӯш мешавад. Доллари амрикоии нақд дар муассисаҳои молиявии Тоҷикистон аз 10.9141 то 10.9400 сомонӣ нарх дорад. Арзиши 1 еврои нақд ба ҳисоби миёна аз 11.8800 то 12.1500 сомониро ташкил додаст. БМТ таъкид намудаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Ин ниҳод ҳушдор додаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
https://sputnik.tj/20230414/idm-sozishnoma-nav-omoda-mekunad-1056460876.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_527:0:3258:2048_1920x0_80_0_0_702af7f7ec562944b4eeed06dc559817.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурб, рубл, тоҷикистон, чанд, афзоиш, нарх
қурб, рубл, тоҷикистон, чанд, афзоиш, нарх
Уфти якбораи қурби рубл дар Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ эълон кард, ки тибқи он нархи пули миллии кишвар дар баробари рублу евро боло рафтаст
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Нархи пули миллии Тоҷикистон дар баробари асъори русӣ якбора боло рафта, арзиши доллари амрикоӣ низ дар ҷумҳурӣ афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои Бонки милли ҷумҳурӣ, нархи 1 ҳазор рубли русӣ дар ҷумҳурӣ ба 137 сомонӣ баробар шуд, ки дар муқоиса бо нишондоди рӯзи қаблӣ 3 сомонӣ камтар аст.
Пули Русия дар ҳоле майл ба поинравӣ ниҳодаст, ки тайи рӯзҳои охир арзиши ҳазор рубл дар Тоҷикистон аз ҳадди 140 сомонӣ болотар буд.
Бонки миллии Тоҷикистон инчунин арзиши 1 доллари амрикоиро 10.9141 сомонӣ муқаррар кардаст, ки дар муқоиса бо нишондоди рӯзи қаблӣ каме болотар мебошад.
Нархи евро бошад дар баробари пули миллии Тоҷикистон каме поин рафта, муодили 11.88 сомонӣ шудааст.
Дар мавриди қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон, иттилоъ дода шуд, ки 1 ҳазор рубли русӣ аз 137 то 140 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Доллари амрикоии нақд дар муассисаҳои молиявии Тоҷикистон аз 10.9141 то 10.9400 сомонӣ нарх дорад. Арзиши 1 еврои нақд ба ҳисоби миёна аз 11.8800 то 12.1500 сомониро ташкил додаст.
БМТ таъкид намудаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Ин ниҳод ҳушдор додаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.