Солеҳ: фиристодани пул ба толибҳо хиёнат ба мардуми Афғонистон аст

© Пресс-служба правительства АфганистанаАмрулло Солех, заместитель президента Афганистана
Амрулло Солех, заместитель президента Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2023
Обуна шудан
Муовини аввали раисҷумҳури пешин Карзай бо интиқод аз фиристодани пул ба гурӯҳи Толибон* онро хиёнат ба мардуми Афғонистон хонд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Муовини аввали раисҷумҳури пешини Афғонистон Амролло Солеҳи ахиран дар саҳифаи твиттериаш навиштааст, ки тавофуқи Давҳа дар ҷараёни ду рӯз 80 миллион доллар зери номи кумакҳои башардустона барои таҳкими ҳукумати толибҳо ба Афғонистон ирсол шуд.
Вай ҳамчунон, ирсоли ин пулҳоро "мубҳам" ва "тавтеъаомез" хонда ва гуфт шафофияти лозим дар бораи инки чӣ кас чӣ чизеро эҳдо карда ва ба куҷо меравад, вуҷуд надорад.
Оқои Солеҳ ҳамчунон аз мамнуъиятҳои кории бонувон ёд карда ва Созмони милалро як созмони мардонаи хонд, ки барои гурӯҳи толибон* хизмат мекунад.
Вай дар саҳифаи твиттериаш тавофуқномаи Давҳаро заминае барои эҷоди сулҳу оштӣ, на балки тавтеъа барои табдили як гурӯҳи террористӣ ба қочоқчиёни маводи мухаддир ва ғосибони дороиҳои геополитик медонад.
Преданные мусульмане в первый день священного месяца Рамадан в мечети в Кандагаре, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2023
Барномаи ҷаҳонии ғизо: Мардуми Афғонистон ғизоӣ кофӣ надоранд
Дар ҳамин ҳол, оқои Солеҳ хитоб ба ЮНАМА ва сарбозраси вижаи Амрико барои Афғонистон, СИГОР пурсид: "чаро бастаҳои нақдӣ машрут нест? дастрасии занон ба хадамоти сифру дастрасии мардони ғайри толиб маҳдуд аст, оё ЮНАМА посухе дорад?".
Ёдоварӣ мекунем, ки банки марказии таҳти кантроли толибон ахиран аз дарёфт бастаи 40 миллион долрии кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон хабар дод.
Ин бонки ахиран ҳам аз дарёфт бастаи чиҳил миллион долларӣ хабар дода буд.
Аз замони бозгашти толибон дар августи 2021наздик ба ду миллиард долар кумакҳои нақдӣ ба кобул расидааст.
* - барои амалҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0