https://sputnik.tj/20230516/oilahoi-hunarmand-tojikiston-qadrdoni-1057140996.html
Аз Мастчоҳ то Ишкошим: оилаҳои ҳунарманди Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд - акс
Аз Мастчоҳ то Ишкошим: оилаҳои ҳунарманди Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд - акс
Sputnik Тоҷикистон
Оилаҳои ҳунарманд дар бахшҳои намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, навозиши умумӣ, суруди якка, бадеҳа, намоиши либосҳои миллӣ ва суруди умумӣ ҳунарнамоӣ карданд
2023-05-16T15:19+0500
2023-05-16T15:19+0500
2023-05-16T15:19+0500
фарҳанг
дар тоҷикистон
оилавӣ
фестивал
сабқати ҷумҳуриявӣ
душанбе
ҷамъбаст
рӯзи оила
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/10/1057140114_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_8fbfe70ff29a7edcbb79e628bc25a84e.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони "Дунёи саодат" ҷамъбаст гардид.Даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.Муовини вазири фарҳанг Давлат Сафарзода суханронӣ намуда, зикр кардааст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ, баҳри рушду такомули фарҳангу ҳунари миллӣ муҳиту заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Дар даври ҷамъбастии фестивал ансамблҳои оилавии Неъматовҳо аз шаҳри Конибодом, Латиповҳо аз ноҳияи Мастчоҳ, Холовҳо аз шаҳри Кӯлоб, Одинаевҳо аз ноҳияи Ишкошим, Раҳимовҳо аз шаҳри Роғун, Нуровҳо аз шаҳри Ҳисор ва оилаи Муродовҳо аз шаҳри Турсунзода ҳунарнамоӣ карданд.Онҳо аз рӯи бахшҳои намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, навозиши умумӣ, суруди якка, бадеҳа, намоиши либосҳои миллӣ, навозиши якка, рақси якка, саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди анъанавӣ ва суруди умумӣ баромад намуданд..Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузории ин ҷашнвора, рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи комили ҷавонону наврасон мебошад.Дар фарҷом ба ҳамаи ширкаткунандагони ҷашнвора, Диплом, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тақдим гардидааст.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/10/1057140114_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_ff4e46108c4bee8cea8bc9d7f02c6597.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷамъбаст, озмуни ҷумуриявӣ, ансамблҳои оилавӣ
ҷамъбаст, озмуни ҷумуриявӣ, ансамблҳои оилавӣ
Аз Мастчоҳ то Ишкошим: оилаҳои ҳунарманди Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд - акс
Оилаҳои ҳунарманд дар бахшҳои намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, навозиши умумӣ, суруди якка, бадеҳа, намоиши либосҳои миллӣ ва суруди умумӣ ҳунарнамоӣ карданд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони "Дунёи саодат" ҷамъбаст гардид.
Даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.
Муовини вазири фарҳанг Давлат Сафарзода суханронӣ намуда, зикр кардааст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ, баҳри рушду такомули фарҳангу ҳунари миллӣ муҳиту заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Дар даври ҷамъбастии фестивал ансамблҳои оилавии Неъматовҳо аз шаҳри Конибодом, Латиповҳо аз ноҳияи Мастчоҳ, Холовҳо аз шаҳри Кӯлоб, Одинаевҳо аз ноҳияи Ишкошим, Раҳимовҳо аз шаҳри Роғун, Нуровҳо аз шаҳри Ҳисор ва оилаи Муродовҳо аз шаҳри Турсунзода ҳунарнамоӣ карданд.
Онҳо аз рӯи бахшҳои намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, навозиши умумӣ, суруди якка, бадеҳа, намоиши либосҳои миллӣ, навозиши якка, рақси якка, саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди анъанавӣ ва суруди умумӣ баромад намуданд..
Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузории ин ҷашнвора, рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи комили ҷавонону наврасон мебошад.
Дар фарҷом ба ҳамаи ширкаткунандагони ҷашнвора, Диплом, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тақдим гардидааст.