https://sputnik.tj/20230515/putin-rusiyaro-kishvarhoi-musalmoni-chi-mepayvandad-1057114912.html
Путин гуфт, Русияро бо кишварҳои мусалмонӣ чӣ мепайвандад
Путин гуфт, Русияро бо кишварҳои мусалмонӣ чӣ мепайвандад
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Русия дар бораи нақши муҳими мусулмонони дохили кишвар дар тавсеа ва роҳандозии равобити нави байналмилалӣ таъкид кард
2023-05-15T14:59+0500
2023-05-15T14:59+0500
2023-05-15T14:59+0500
дар русия
ҳамкорӣ
равобит
исломӣ
владимир путин
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0f/1057108641_0:276:3148:2047_1920x0_80_0_0_5ea88799af7957923676671874931d5c.jpg
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Русия бо кишварҳои мусалмонӣ равобити анъанавӣ дорад ва моро ҳамкориҳои дуҷонибаи наздику эътимодбахш ва ҳамкориҳо хуб дар чаҳорчуби Созмони ҳамкории исломӣ мепайвандад.Дар ин бора Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар барқияи шодбошии худ ба иштирокчиёни Форуми XIV байналмилалии иқтисодии "Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum" изҳор дошт."Онҳо (муносибатҳо) бар пояи мушорикат, эҳтиром ба соҳибихтиёрии ҳамдигар ва асолати тамаддунӣ бунёд шудаанд. Моро тааҳҳуд ба ташаккули низоми одилонатари бисёрқутбии ҷаҳон бар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ муттаҳид мекунад".Владимир Путин афзуд, Маскав барои ҳамкориҳои густурдаи тиҷоратӣ ва башардӯстона бо кишварҳои исломӣ ҳамеша боз аст.Ба гуфтаи вай, Русия ба таҳкими равобити барқароршуда ва дарёфти шарикони нав, пешбурди ҳамкориҳои кишоварзӣ ва саноатӣ ва эҷоди масирҳои нави нақлиётӣ ва логистикӣ манфиатдор аст.Қобили зикр аст, ки анҷумани "Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum" аз соли 2009 дар пойтахти Тотористон баргузор мешавад.Бо фармони раисҷумҳури Русия, аз соли 2023 форум мақоми федералӣ гирифтааст. Он рӯзҳои 18-19 май дар Қазон баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20230512/dasturi-putin-mutobiqshavi-muhojiron-sharoit-1057079956.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0f/1057108641_419:0:3148:2047_1920x0_80_0_0_ba841d87df7a8a859ca5208b66978ed9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, путин, кишварҳои мусалмонӣ, пайвастан, равобит, ҳамкорӣ, ислом, раисҷумҳур
русия, путин, кишварҳои мусалмонӣ, пайвастан, равобит, ҳамкорӣ, ислом, раисҷумҳур
Путин гуфт, Русияро бо кишварҳои мусалмонӣ чӣ мепайвандад
Раҳбари Русия дар бораи нақши муҳими мусулмонони дохили кишвар дар тавсеа ва роҳандозии равобити нави байналмилалӣ таъкид кард
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Русия бо кишварҳои мусалмонӣ равобити анъанавӣ дорад ва моро ҳамкориҳои дуҷонибаи наздику эътимодбахш ва ҳамкориҳо хуб дар чаҳорчуби Созмони ҳамкории исломӣ мепайвандад.
Дар ин бора Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар барқияи шодбошии худ ба иштирокчиёни Форуми XIV байналмилалии иқтисодии "Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum" изҳор дошт.
"Онҳо (муносибатҳо) бар пояи мушорикат, эҳтиром ба соҳибихтиёрии ҳамдигар ва асолати тамаддунӣ бунёд шудаанд. Моро тааҳҳуд ба ташаккули низоми одилонатари бисёрқутбии ҷаҳон бар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ муттаҳид мекунад".
Владимир Путин афзуд, Маскав барои ҳамкориҳои густурдаи тиҷоратӣ ва башардӯстона бо кишварҳои исломӣ ҳамеша боз аст.
Ба гуфтаи вай, Русия ба таҳкими равобити барқароршуда ва дарёфти шарикони нав, пешбурди ҳамкориҳои кишоварзӣ ва саноатӣ ва эҷоди масирҳои нави нақлиётӣ ва логистикӣ манфиатдор аст.
Қобили зикр аст, ки анҷумани "Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum" аз соли 2009 дар пойтахти Тотористон баргузор мешавад.
Бо фармони раисҷумҳури Русия, аз соли 2023 форум мақоми федералӣ гирифтааст. Он рӯзҳои 18-19 май дар Қазон баргузор мешавад.