https://sputnik.tj/20230515/putin-afzaliyat-hamkori-shuravi-1057120623.html
Путин афзалиятҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои собиқ шӯравиро гуфт
Путин афзалиятҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои собиқ шӯравиро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия дар нишасти фаврӣ бо аъзои Шӯрои амнияти кишвараш пешниҳод кард, ки ҳамкориҳо бо кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баррасӣ шаванд
2023-05-15T18:30+0500
2023-05-15T18:30+0500
2023-05-15T18:30+0500
дар русия
сиёсат
идм
владимир путин
мулоқот
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/05/1056225584_0:0:3029:1705_1920x0_80_0_0_a4b4136ee22787471e715b251625809c.jpg
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Ҳамкорӣ бо кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бартариҳои назарраси рушдро доранд, изҳор дошт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин. Вай дар як нишасти фаврӣ бо аъзои Шӯрои амнияти Русия пешниҳод кард, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои собиқ шӯравиро баррасӣ намоянд. Вай таъкид намуд, ки дар баробари ин дар муносибот бо ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, ки як қатор имкониятҳою бартариҳои дигар низ мавҷуданд, ки метавонанд барои рушди иқтисодиёт натиҷаҳои мусбат дошта бошанд. Кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низомҳои муштараки нақлиётӣ, системаҳои энергетикӣ доранд ва монеаи забонӣ вуҷуд надорад, таъкид намуд президенти Русия. "Маҷмӯи бузурги бартариятҳо, ки ба мо имкон медиҳад, то дар ин фазо самаранок кор кунем. Биёед дар ин бора сӯҳбат кунем, ки чӣ кор кардан лозим аст ва чӣ бояд ба таври иловагӣ анҷом дода шавад, то дар кори муштаракамон ба нафъи бештар барои тараққиятҳои давлатҳоямон ноил гардем", - гуфт ӯ. Маврид ба зикр аст, ки қаблан мақомоти Русия ҳамкорӣ бо кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои узви СҲШ-ро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷияшон унвон карда буданд.
https://sputnik.tj/20230511/lavrov-mintaqa-rusiya-hamkori-kishvar-osiyo-markazi-1057031234.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/05/1056225584_300:0:3029:2047_1920x0_80_0_0_914316136f9b31fd78c90a8dd1979847.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баҳс, ҳамкорӣ, кишвар, собиқ, иттиҳод, шӯравӣ
баҳс, ҳамкорӣ, кишвар, собиқ, иттиҳод, шӯравӣ
Путин афзалиятҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои собиқ шӯравиро гуфт
Раисҷумҳури Русия дар нишасти фаврӣ бо аъзои Шӯрои амнияти кишвараш пешниҳод кард, ки ҳамкориҳо бо кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баррасӣ шаванд
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Ҳамкорӣ бо кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бартариҳои назарраси рушдро доранд, изҳор дошт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин.
Вай дар як нишасти фаврӣ бо аъзои Шӯрои амнияти Русия пешниҳод кард, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои собиқ шӯравиро баррасӣ намоянд.
.""Ба наздикӣ дар гузашти ҳарбӣ ба ифтихори Ғалаба бар Олмони фашистӣ роҳбарони бисёре аз давлатҳои ИДМ меҳмони мо шуданд. Ин табиист, зеро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар фашистон маҳз халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ пирӯз шуданд", - зикр намуд Путин.
Вай таъкид намуд, ки дар баробари ин дар муносибот бо ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, ки як қатор имкониятҳою бартариҳои дигар низ мавҷуданд, ки метавонанд барои рушди иқтисодиёт натиҷаҳои мусбат дошта бошанд.
Кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низомҳои муштараки нақлиётӣ, системаҳои энергетикӣ доранд ва монеаи забонӣ вуҷуд надорад, таъкид намуд президенти Русия.
"Маҷмӯи бузурги бартариятҳо, ки ба мо имкон медиҳад, то дар ин фазо самаранок кор кунем. Биёед дар ин бора сӯҳбат кунем, ки чӣ кор кардан лозим аст ва чӣ бояд ба таври иловагӣ анҷом дода шавад, то дар кори муштаракамон ба нафъи бештар барои тараққиятҳои давлатҳоямон ноил гардем", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан мақомоти Русия ҳамкорӣ бо кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои узви СҲШ-ро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷияшон унвон карда буданд.