ВУХ-и Русия БРИКС ва СҲШ ба лоиҳаҳои Артика ҷалб мешаванд

© Sputnik / Максим БлиновЗдание Министерства иностранных дел РФ
Здание Министерства иностранных дел РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2023
Обуна шудан
Сафири доир ба супоришҳои вижаи Вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки тарҳҳои энержӣ бо кишварҳои Шарқ, ки салоҳият ва манофеи мувофиқ доранд, дар ҳоли баррасист
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Русия равобити худро бо кишварҳои БРИКС ва СҲШ дар Арктика тақвият хоҳад дод.
Дар ин бора Николай Корчунов, сафир доир ба супоришҳои вижаи вазорати умури хориҷаи Русия хабар дод.
"Айни замон равобит бо кишварҳои БРИКС ва СҲШ [дар Арктика] фаъолона тақвият меёбанд", - таъкид кард ӯ.
Илова бар ин, дипломат рушди ҳамкорӣ бо давлатҳои иттиҳодияро дар соҳаҳои гуногун қайд намуд.
"Дар бахшҳои таҳқиқоти илмӣ, логистика, ҳифзи муҳити зист ва ҳамкориҳои баҳрӣ як қатор лоиҳаҳои дуҷониба таҳия карда мешаванд", - гуфт Корчунов.
Вай ҳамчунин дар мусоҳиба бо ТАСС афзуд, ки бо кишварҳои Шарқ, ки салоҳият ва манфиатҳои дахлдор доранд, тарҳҳои эҳтимолии энержӣ баррасӣ мешавад.
"Мутаассифона, фишори таҳримҳои ҷорӣ алайҳи Русия имкон намедиҳад, ки ҷузъиёти муколамаи идомадошта ошкор шавад", - хулоса кард сафир.
Қаблан СҲШ ғайри қобили қабул будани муқоиса бо НАТО-ро таъкид карда буд.
Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли СҲШ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2023
Сипоси Дабири куллии СҲШ аз Тоҷикистон
Дар ин бора Чжан Минг, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар пайи нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои узви ин иттиҳодия дар Ҳиндустон баён карда буд.
Ба гуфтаи вай, СҲШ як гурӯҳи сиёсӣ ва низомӣ нест, созмон ҳамеша ба чунин принсипҳои асосӣ, аз қабили ҳамроҳ нашудан ба блокҳо, муқобилият накардан ва роҳ надодан ба ҷонибҳои сеюм пойбанд аст.
Вай ҳамчунин афзуд, ки хоҳиши шумори зиёди кишварҳо барои пайвастан ба СҲШ як раванди табиъӣ ва мантиқист.
Лентаи хабарҳо
0