Тафсилоти созишҳои Душанбею Остона: аз савдо то муносиботи бонкӣ

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкРукопожатие, архивное фото
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2023
Обуна шудан
Қазоқистон, ки шарики дуюми тиҷории Тоҷикистон мебошад, дар назар дорад, содироти маҳсулоти мухталифро ба ин кишвар ба таври назаррас боз бештар намояд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Остона ва Душанбе дар мавриди додугирифт ба маблағи $1 млрд дар соҳаи кишоварзӣ ва саноат ба мувофиқа расиданд, изҳор дошт сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон, Валихон Туреханов.
Ба гуфтаи сафир, созишҳои ҷадид дар заминаи интиқоли гилхок, феррохӯла, таҷҳизоти истихроҷи маъдан, мошинҳо ва ҳамчунин маҳсулоти кишоварзӣ - гандум ва меваю сабзавот имзо шудаанд.
Вай тавзеҳ додааст, ки ин созишнома ва ёддоштҳо дар ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар, ки дар ҷараёни сафари ахири президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон сурат гирифт, ба имзо расид.
Глава Согда Раджаббой Ахмадзода и хоким Мактааральского района Туркестана Бакит Асанов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2023
Ду минтақаи Тоҷикистону Қазоқистон муносибатҳои бардорӣ барқарор карданд
Инчунин дар назар аст, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар низоми бонкӣ низ густариш ёбад. Интизор меравад, ки боз як бонки Қазоқистон вориди бозори молии Тоҷикистон мешавад.
"Фридом Финанс Казахстан" аллакай ҳуҷҷатҳоро барои сабти номи филиали худ дар ҷумҳурӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, гуфт сафири Қазоқистон дар Душанбе.
Эмомалӣ Раҳмон ахиран зимни сафараш ба Остона изҳор дошта буд, ки Қазоқистон дуввумин шарики тиҷории Тоҷикистон аст.
Ҷонибҳо азм доранд, ки табодули коло миёни Тоҷикистону Қазоқистонро ба 2 млрд доллари амрикоӣ дар як сол
Лентаи хабарҳо
0