Мирзиёев ба Расулзода: Тиҷорати мутақобил миёни ду кишвар дар ҳоли рушд аст

© Пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и премьер-министр Таджикистан Кохир Расулзода
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и премьер-министр Таджикистан Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Ӯзбекистон дар дидор бо сарвазири Тоҷикистон аз таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқии ду кишвар таъкид кард
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ба Тошканд омадааст, мулоқт кард.
дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ зимни мулоқот тарафҳо масоили таҳкими минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон тарафҳо дурнамои густариши ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин зикр карда шудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо аз рушди босуръати ҳамкориҳои дуҷониба тибқи тавофуқномаҳои бадастомада изҳори қаноатмандӣ карданд.
Завод по производству ковров SAG в Самарканде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2023
Тоҷикистон воридкунандаи аслии қолинҳои Ӯзбекистон боқӣ мемонад
Таъкид шудааст, ки ҳаҷми савдои мутақобил ва ҳамлу нақли бор дар ҳоли рушд қарор дорад ва шумораи лоиҳаҳои бомуваффақияти ҳамкорӣ низ афзоиш ёфтааст.
Равобити наздики байниминтакавӣ барқарор карда шуда, фаъолона мубодилаи маданию башардӯстонаӣ сурат мегирад.
Барои андешидани тадбирҳои муассир барои афзоиши гардиши мол, пешбурди лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаҳои энергетика, мошинсозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, истихроҷи маъдан, нассоҷӣ ва дигар соҳаҳо бо ҷалби маблағгузории ширкатҳои сармоягузори Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Дар ин замина аҳамияти иҷрои амалии қарорҳои ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ки имрӯз таҳти раёсати нахуствазирони ду кишвар дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, таъкид шуд.
Лентаи хабарҳо
0