https://sputnik.tj/20230512/lavrov-amaliyoti-rusiya-oinnomai-smm-1057075285.html
Лавров: амалиёти Русия тибқи оинномаи СММ сурат мегирад
Лавров: амалиёти Русия тибқи оинномаи СММ сурат мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Русия таъкид кард, ки амалиёти вижаи низомӣ дар Украина бар асоси қавонини байналмилалӣ амалӣ гардид, ки ҳуқуқ ба дифои инфиродию дастаҷамъиро фароҳам мекунад
2023-05-12T18:05+0500
2023-05-12T18:05+0500
2023-05-12T18:05+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амалиёт
низомӣ
украина
сергей лавров
смм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/12/1054317392_0:149:3113:1900_1920x0_80_0_0_01f9b78c6a0b42e64babaecef746a2e1.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Амалиёти вижаи низомӣ дар Украина бар асоси банди Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид сурат мегирад, гуфт вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров. Вазир зимни Анҷумани байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург таъкид намуд, ки Маскав аз оғози амалиёти низомӣ огоҳ карда буд. Ӯ бо таассуф афзуд, Ғарб кӯшиш мекунад, ки Федератсияи Русияро дар нақзи қонунҳои байналмилалӣ муттаҳам кунад, ҳарчанд худаш онро дар Югославия, Ироқ ва Либия поймол кардааст. "Имрӯз давлатҳои ғарбӣ мушкилотро аз сари дарднок ба сари солим бор мекунанд. Худашон бо нақзи қонунҳои байналмиллалӣ дар Югославия, Ироқ ва Либия ҷангҳои таҷовузкоронаро оғоз карданд", - гуфт Лавров. Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардуме номид, ки ҳашт сол боз таҳти таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Вай қайд кард, ки амалиёти вижа як тадбири маҷбурӣ буд, чун Русия "имкони дигаре надошт, ба хатарҳои амниятие, ки ба вуҷуд оварда шудаанд, посух диҳад.
https://sputnik.tj/20230512/vazorat-mudofia-rusiya-peshraft-ukraina-1057057042.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/12/1054317392_191:0:2922:2048_1920x0_80_0_0_7afd69f66350d25dafe1d8d04470abbc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амалиёт, низомӣ, қонунӣ, украина, дифоъ
русия, амалиёт, низомӣ, қонунӣ, украина, дифоъ
Лавров: амалиёти Русия тибқи оинномаи СММ сурат мегирад
Русия таъкид кард, ки амалиёти вижаи низомӣ дар Украина бар асоси қавонини байналмилалӣ амалӣ гардид, ки ҳуқуқ ба дифои инфиродию дастаҷамъиро фароҳам мекунад
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Амалиёти вижаи низомӣ дар Украина бар асоси банди Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид сурат мегирад, гуфт вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров.
Вазир зимни Анҷумани байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург таъкид намуд, ки Маскав аз оғози амалиёти низомӣ огоҳ карда буд.
"Амалиёти махсуси низомӣ бар асоси моддаи 51-и Оинномаи СММ, ки ҳуқуқи дифоъи инфиродӣ ва дастаҷамъиро пешбинӣ мекунад, сурат мегирад ва дар бораи он саривақт ба Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид хабар дода шуда буд", - гуфт Лавров.
Ӯ бо таассуф афзуд, Ғарб кӯшиш мекунад, ки Федератсияи Русияро дар нақзи қонунҳои байналмилалӣ муттаҳам кунад, ҳарчанд худаш онро дар Югославия, Ироқ ва Либия поймол кардааст.
"Имрӯз давлатҳои ғарбӣ мушкилотро аз сари дарднок ба сари солим бор мекунанд. Худашон бо нақзи қонунҳои байналмиллалӣ дар Югославия, Ироқ ва Либия ҷангҳои таҷовузкоронаро оғоз карданд", - гуфт Лавров.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардуме номид, ки ҳашт сол боз таҳти таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Вай қайд кард, ки амалиёти вижа як тадбири маҷбурӣ буд, чун Русия "имкони дигаре надошт, ба хатарҳои амниятие, ки ба вуҷуд оварда шудаанд, посух диҳад.