Баррасии ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба корҳои мавсимӣ дар Бритониё

© Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиии ТоҷикистонМулоқоти вазири меҳнат бо сафири Бритониё дар Тоҷикистон
Мулоқоти вазири меҳнат бо сафири Бритониё дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2023
Обуна шудан
Ахран дар пойтахти Тоҷикистон масъалаи соддагардонии раванди интиқоли қувваи корӣ ба Бритониёи Кабир барои иҷрои корҳои мавсимӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 12 мая — Sputnik. Масъала сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ барои иҷрои корҳои мавсимӣ ба Британияи Кабир дар мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода бо роҳбари нави Барномаи рушди Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ хонум Сара Купер ва сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Тимоти Ҷонс баррасӣ шуд.
Дар ин бора афтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва нақшаҳои минбаъда вобаста ба сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ барои иҷрои корҳои мавсимӣ ба Британияи Кабир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон ҷонибҳо дар бораи соддагардонии раванди интиқоли қувваи корӣ ба Бритониё ибрози ақида карданд.
Привлечение иностранной рабочей силы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2023
Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷират дар вилояти Тула пешсаф шуд
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта 383 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир фиристода шудаанд. Дар ин бора масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯзи 13-уми феврал хабар доданд.
Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат ва муҳоҷират гуфт, коргарони тоҷик барои шаш моҳ ба Бритониё фиристода мешаванд. Муҳоҷирони тоҷик дар Бритониё асосан дар бахши кишоварзӣ кор мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, сафири Бритониё дар Тоҷикистон гуфта буд, ки муҳоҷирон аз Тоҷикистон ҳақ доранд, танҳо шаш моҳ ва дар бахши кишоварзӣ дар кишвараш кор бикунанд.
Вай шумораи дақиқи муҳоҷирони тоҷикро нагуфт. Аммо тахмин зад, ки эҳтимол "ҳазорҳо нафар" ҳастанд. Мегӯяд, баъзе аз муҳоҷирон аз Русия рафтаанд.
Лентаи хабарҳо
0