Худоҳофизии Расулзода бо Бердимуҳамедов дар фурудгоҳ - видео

Обуна шудан
Нимаи дуюми рӯз, пас аз анҷоми сафари ду рӯза ба Тоҷикистон Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов аз шаҳри Душанбе ба Ватанаш баргашт
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедовро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ бо нишони эҳтирому самимияти зиёд гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 10 ва 11 май идома ёфт.
Фарҳанг, саноат, сармоягузорӣ: Мулоқоти Расулзода ва Бердимуҳаммадов
Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.
Бояд гуфт, ки зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду давлат баргузор гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он 24 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Лентаи хабарҳо
0