https://sputnik.tj/20230510/tojikiston-tufon-chang-ghubor-faro-megirad-1057025353.html
Тоҷикистонро тӯфони чангу ғубор фаро мегирад
Тоҷикистонро тӯфони чангу ғубор фаро мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавошиносон аз сокинони Тоҷикистон хоҳиш мекунанд, ки ба ҳавои номусоид омода шаванд. Ба таъкиди онҳо, ҷумҳуриро тӯфони чангу ғубор фаро мегирад
2023-05-10T17:48+0500
2023-05-10T17:48+0500
2023-05-10T17:48+0500
дар тоҷикистон
ҳаво
чангу ғубор
иҷтимоъ
кҳф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0f/1056479413_0:0:3520:1980_1920x0_80_0_0_57d978271c75569b703da5133b18012d.jpg
ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Дар баъзе манотиқи Тоҷикистон тӯфони шадиди чангу ғубор дар назар аст. Чунин ҳаворо ҳавошиносони тоҷик дар рӯзи 12 май пешгӯӣ мекунанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.Манбаъ меафзояд, тӯфони чангу ғубор аз минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ, ки Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, ворид мешавад.Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ба нафарони гирифтори бемории дилу раг, диабети қанд, астмаи бронхиалӣ ва гипертония таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд. Чангу ғубор дар пойтахт: Ҳушдори обуҳавошиносон ба сокинонҲамчунин КҲФ ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳнавардӣ, авто-мото ва велосипедронии кӯҳӣ хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар манотиқи кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, инчунин фосилаи муқарраршудаи ҳаракатро қатъиян риоя кардан лозим аст, зеро эҳтимоли резиши санг, сел ва ярч боқӣ мемонад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0f/1056479413_440:0:3080:1980_1920x0_80_0_0_667577d50bc4ac5d745d52e3950aab0b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон тӯфон чангу ғубор
тоҷикистон тӯфон чангу ғубор
Тоҷикистонро тӯфони чангу ғубор фаро мегирад
Ҳавошиносон аз сокинони Тоҷикистон хоҳиш мекунанд, ки ба ҳавои номусоид омода шаванд. Ба таъкиди онҳо, ҷумҳуриро тӯфони чангу ғубор фаро мегирад
ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Дар баъзе манотиқи Тоҷикистон тӯфони шадиди чангу ғубор дар назар аст.
Чунин ҳаворо ҳавошиносони тоҷик дар рӯзи 12 май пешгӯӣ мекунанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
"Рӯзи 12 майи соли 2023 бинобар тағйирёбии обу ҳаво дар минтақаҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар шаҳри Душанбе тӯфони чангу ғубор дар назар аст", - омадааст дар хабари КҲФ.
Манбаъ меафзояд, тӯфони чангу ғубор аз минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ, ки Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, ворид мешавад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ба нафарони гирифтори бемории дилу раг, диабети қанд, астмаи бронхиалӣ ва гипертония таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд.
Ҳамчунин КҲФ ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳнавардӣ, авто-мото ва велосипедронии кӯҳӣ хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар манотиқи кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, инчунин фосилаи муқарраршудаи ҳаракатро қатъиян риоя кардан лозим аст, зеро эҳтимоли резиши санг, сел ва ярч боқӣ мемонад.