https://sputnik.tj/20230510/kreml-safar-prezident-maskav-tafsir-1057016803.html
Кремл сафари президентҳо ба Маскавро тафсир кард
Кремл сафари президентҳо ба Маскавро тафсир кард
Sputnik Тоҷикистон
Сафари роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Маскав ва иштирокашон дар гузашти ҳарбӣ, ки мавриди интиқоди бархе қарор гирифт, маънодор мебошад
2023-05-10T16:16+0500
2023-05-10T16:16+0500
2023-05-10T16:16+0500
дар русия
сиёсат
дмитрий песков
гузашти низомӣ
маскав
идм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1c/1031976800_0:0:3005:1691_1920x0_80_0_0_4768e13928c759309c16aac836be6670.jpg
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Ба таҷлили Ғалаба дар Маскав омадани сарони кишварҳои ИДМ нишон медиҳад, ки кишварҳояшон иродаи сиёсӣ барои ҳифзи хотираи таърихӣ доранд, гуфт котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков. Ба гуфтаи ӯ, дар ин кишварҳо на танҳо иродаи сиёсӣ, балки иродаи ҷамъиятӣ дар ин масъала низ вуҷуд дорад. "Ҳузур дар гузашти ҳарбӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар кишварҳои онҳо иродаи сиёсӣ ва иродаи ҷамъиятӣ барои нигоҳ доштани ин хотира вуҷуд дорад. Мо ин хотираро ба тамоми мардуми ҷаҳон мерасонем, ҳадди ақал онҳое, ки мехоҳанд, имкон дошта бошанд, ки бо маълумоти воқеӣ шинос шаванд", - гуфт Песков ба хабарнигорон. Маврид ба зикр аст, ки бо даъвати раисҷумҳури Русия, Владимир Путин роҳбарони 7 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Маскав омада, дар таҷлили рӯзи Ғалаба иштирок карданд. Худи Путин ҳузури роҳбаронро нишонаи арҷгузорӣ ба корнамоиҳои аҷдодон гуфт, якҷоя бар фашизм пирӯз гардиданд. Дар феҳрасти меҳмонони баландпоя, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Беларус - Александр Лукашенко, раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон - Содир Ҷабборов, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Туркманистон - Сардор Бердимуҳаммадов ва роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қарор доштанд.
https://sputnik.tj/20230509/safir-tojikiston-berlin-khotira-sarbozon-ozodibakhs-giromi-1057002504.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1c/1031976800_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_acfdda6a5461de8bd4a08df5d0593556.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чаро, президент, идм, маскав, сафар, боздид
чаро, президент, идм, маскав, сафар, боздид
Кремл сафари президентҳо ба Маскавро тафсир кард
Сафари роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Маскав ва иштирокашон дар гузашти ҳарбӣ, ки мавриди интиқоди бархе қарор гирифт, маънодор мебошад
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Ба таҷлили Ғалаба дар Маскав омадани сарони кишварҳои ИДМ нишон медиҳад, ки кишварҳояшон иродаи сиёсӣ барои ҳифзи хотираи таърихӣ доранд, гуфт котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин кишварҳо на танҳо иродаи сиёсӣ, балки иродаи ҷамъиятӣ дар ин масъала низ вуҷуд дорад.
"Ҳузур дар гузашти ҳарбӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар кишварҳои онҳо иродаи сиёсӣ ва иродаи ҷамъиятӣ барои нигоҳ доштани ин хотира вуҷуд дорад. Мо ин хотираро ба тамоми мардуми ҷаҳон мерасонем, ҳадди ақал онҳое, ки мехоҳанд, имкон дошта бошанд, ки бо маълумоти воқеӣ шинос шаванд", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Маврид ба зикр аст, ки бо даъвати раисҷумҳури Русия, Владимир Путин роҳбарони 7 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Маскав омада, дар таҷлили рӯзи Ғалаба иштирок карданд. Худи Путин ҳузури роҳбаронро нишонаи арҷгузорӣ ба корнамоиҳои аҷдодон гуфт, якҷоя бар фашизм пирӯз гардиданд.
Дар феҳрасти меҳмонони баландпоя, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Беларус - Александр Лукашенко, раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон - Содир Ҷабборов, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Туркманистон - Сардор Бердимуҳаммадов ва роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қарор доштанд.