Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ҳадафро мебинанду монеаро не: кори ҷангии маҷмааи зиддитанкии "Корнет" - видео

Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Русия навори кори ҷангии маҷмааи мушакии зиддитанкии "Корнет"-ро алайҳи силоҳи вазнин дар минтақаи амалиёти махсуси ҳарбӣ нашр кард
Навори нашркардаи Вазорати мудофиаи Русия кори ҷангии маҷмааи зиддитанкии "Корнет"-ро нишон медиҳад.
Дар наворхо нишон дода мешавад, ки тими "Корнет" чӣ тавр ба хатти пеши мудофиаи рақиб барои аз руи маълумоти қаблан гирифташуда зарба зада, истеҳкомҳояшонро тахриб мекунанд.
Ба иттилои Вазорати мудофиаи Русия, ҳайати идории ин маҷмааҳо барои иҷрои супориши ҷангӣ аз тактикаи "тупҳои кӯчманчӣ" истифода мебаранд. Тавзеҳ дода шудааст, ки давоми чанд дақиқа ба хизматчиёни ҳарбӣ муяссар мешаванд, ки дар хатти оташ қарор гиранд ва мавқеъҳои нерӯҳои Украинаро тирборон кунанд.
Сипас зуд ба масофаи бехатар ақибнишинӣ мекунанд, ки тири душман ба он ҷо намерасад, илова намуд манбаъ.
Рогов: эҳтимоли ҳамлаи Украина дар рӯзҳои наздик боқӣ мемонад
Вазорати дифои Русия гуфтааст, ки бо ҳамин тактика объектҳои зиреҳпӯш, нуқтаҳои оташфишонии дарозмуддат ва дигар иншооти муҳандисии душман низ нобуд карда мешаванд.
Натоиҷи тахриби мавқеъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ҳангоми чунин ҳамлаҳо аз ҷониби "Корнет"-ро ҳавопаймоҳои бесарнишин сабт мекунанд.
Қаблан Виктор Баранетс, коршиноси низомии рус дар сӯҳбат бо радиои Sputnik бартариҳои маҷмааҳои зиддитанкии сохти Русия "Корнет"-ро дар он гуфт, ки ҳадафро тавассути хуруҷи гармӣ, новобаста аз обу ҳаво мебинанд. Кулоҳаки ҷангии "Корнет" низ пуриқтидортар аст ва масофаи тирпарронӣ дар ҳақиқат аз Javelin ду баробар зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0