Бурду бохти муштзанҳои тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

© Pixabay/tixonov_valentinБоксёр
Боксёр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2023
Обуна шудан
Дар рӯзи 10-уми чемпионати ҷаҳон дар риштаи бокс дар шаҳри Тошканд 4 намояндаи Тоҷикистон зӯрозмоӣ карда, дучори бурду бохт шуданд
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Дар даври ҳаштякниҳоӣ Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5 кг муштзани тайландӣ Хунатип Пуднич бо ҳисоби 5 бар 0 пирӯз шуда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.
Асрор Воҳидов дар зери вазни 57 кг дар даври чаҳорякниҳоӣ муқобили муштзани қирғиз Мунарбек Сеитбек Уулу нерӯсанҷӣ карда, бо қарори доварон шикаст хӯрд.
Муштзани сангинвазни тоҷик Давлат Болтаев низ дар вазни то 92 кг дар даври чаҳорякниҳоӣ аз муштзани итолиёвӣ, Азиз Аббос Муҳиддин бо ҳисоби 0 бар 5 мағлуб шуд. Инчунин дар назар аст, Некрӯз Салимов дар вазни то 75 кг майдондорӣ хоҳад кард.
Дар давоми 10 рӯзи чемпионати ҷаҳон риштаи бокс дар Тошканд бисёре аз муштзанони тоҷик мувоҷеҳи шикаст шуда, аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум шуданд.
Аз ҷумла Меҳрон Шафиев (48 кг), Абубакр Муродзода (60 кг), Довуд Маҳкамов (71 кг), Шаббос Негматуллоев (80 кг), Меҳроб Ҳомидов (51 кг) , Меҳроҷ Зоидов (54 кг), Асрор Воҳидов (57 кг), Парвиз Каримов (86 кг) , Давлат Болтаев (92 кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг) шикаст хӯрданд.
Таджикские дзюдоисты на турнире - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2023
Рӯзи чоруми чемпионати ҷаҳон барои ҷудокорони тоҷик бенишон анҷом ёфт
Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи бокс дар пойтахти Ӯзбекистон то 14 май идома хоҳад кард. Қаблан иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқаи мазкур 640 варзишгар аз 140 давлат номнавис шуда, сабқатҳо дар 13 категорияи вазнӣ доир мешаванд.
Варзишкорони Русия ва Белорус дар ин сабқат бо парчаму дигар рамзхои миллияшон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Бритониё, ИМА, Лаҳистон, Швейтсария, Ҳолланд, Ирландия, Ҷумҳурии Чех, Шветсия, Канада, Украина, Олмон ва Норвегия аз фиристодани варзишгарони худ ба мусобиқа худдорӣ карданд.
Хазинаи ҷоизаи чемпионат беш аз 5 млн долларро ташкил дода, барандаҳои ҷойи аввал дар ҳамаи вазнҳо 200 ҳазор доллар, барандагони медали нуқра 100 ва барандагони медали биринҷӣ 50 ҳазор доллар дарёфт хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0