https://sputnik.tj/20230509/qahramoni-faromush-grigorev-ghalaba-1056998265.html
"Қаҳрамониҳоро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунем": Григорев солгарди Ғалабаро шодбош гуфт
"Қаҳрамониҳоро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунем": Григорев солгарди Ғалабаро шодбош гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Русия дар Тоҷикистон бори дигар аҳамияти рӯзи 9 майро ҳамчун санаи анҷоми даргириҳои хунинтарин дар таърихи инсоният таъкид кард
2023-05-09T16:50+0500
2023-05-09T16:50+0500
2023-05-09T16:50+0500
русия
дар тоҷикистон
сафир
сиёсат
идм
ҷбв
семён григорев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/09/1056990997_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_4bf9f4372bec17f24d3f1b44a30eb1c8.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Ҳар як ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар пирӯзӣ дар фронти ҶБВ ва дар ақибгоҳ саҳми арзандаи худро гузоштааст, изҳор дошт сафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев. Ӯ ин нуктаро зимни ироаи паёми шодбошияш ба хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия ва артишиёни ҷавон баён дошт. "Ҳамаи шуморо бо 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик мегӯям. Ғалабаи Бузург мероси умумии мост. Ҳар як ҷумҳурии Иттиҳоди Шӯравӣ дар пирӯзӣ дар фронт, пирӯзӣ дар ақибгоҳ саҳми арзандаи худро гузоштааст", - изҳор дошт ӯ. Дипломат таъкид кард, ки он корнамоиҳои муштараки аҷдодонро ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард. "Корнамоиҳои падарону бобоёнамонро фаромӯш намекунем, ки якҷоя ба китф ба китф истиқлоли кишвари морою ҳаққи инсонҳоро ба зиндагӣ ҳимоят карданд", - гуфт ӯ. Дипломат тавзеҳ дод, ки маҳз 9 май мардум бори дигар бузургии ғалаба бар фашизмро дарк мекунанд. Ба гуфтаи вай, моҷарои Гитлер барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дарси даҳшатнок буд ва азфуд, ки пас аз 78 сол, таърих бори дигар аз Русия ҳушёрӣ ва қотеиятро талаб мекунад. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ҳамкориҳои низомию фаннӣ миёни Маскаву Душанбе барои амнияти минтақа бештар аҳамият касб мекунанд.Сафир муҳимтарин ҷузъи чунин ҳамкориро пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон хонд, ки барои таъмини амнияти минтақа саҳм гузошта хизматчиёни он рисолати худро хуб иҷро мекунанд.
https://sputnik.tj/20230509/hangi-jovidon-poygoh-tojikiston-aks-1056993075.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/09/1056990997_151:0:1112:721_1920x0_80_0_0_487346e7edba85a539630527fb0a510b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
паём, шодбошӣ, муносибат, ғалаба, русия
паём, шодбошӣ, муносибат, ғалаба, русия
"Қаҳрамониҳоро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунем": Григорев солгарди Ғалабаро шодбош гуфт
Сафири Русия дар Тоҷикистон бори дигар аҳамияти рӯзи 9 майро ҳамчун санаи анҷоми даргириҳои хунинтарин дар таърихи инсоният таъкид кард
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Ҳар як ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар пирӯзӣ дар фронти ҶБВ ва дар ақибгоҳ саҳми арзандаи худро гузоштааст, изҳор дошт сафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев.
Ӯ ин нуктаро зимни ироаи паёми шодбошияш ба хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия ва артишиёни ҷавон баён дошт.
"Ҳамаи шуморо бо 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик мегӯям. Ғалабаи Бузург мероси умумии мост. Ҳар як ҷумҳурии Иттиҳоди Шӯравӣ дар пирӯзӣ дар фронт, пирӯзӣ дар ақибгоҳ саҳми арзандаи худро гузоштааст", - изҳор дошт ӯ.
Дипломат таъкид кард, ки он корнамоиҳои муштараки аҷдодонро ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.
"Корнамоиҳои падарону бобоёнамонро фаромӯш намекунем, ки якҷоя ба китф ба китф истиқлоли кишвари морою ҳаққи инсонҳоро ба зиндагӣ ҳимоят карданд", - гуфт ӯ.
Дипломат тавзеҳ дод, ки маҳз 9 май мардум бори дигар бузургии ғалаба бар фашизмро дарк мекунанд.
Ба гуфтаи вай, моҷарои Гитлер барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дарси даҳшатнок буд ва азфуд, ки пас аз 78 сол, таърих бори дигар аз Русия ҳушёрӣ ва қотеиятро талаб мекунад.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ҳамкориҳои низомию фаннӣ миёни Маскаву Душанбе барои амнияти минтақа бештар аҳамият касб мекунанд.
Сафир муҳимтарин ҷузъи чунин ҳамкориро пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон хонд, ки барои таъмини амнияти минтақа саҳм гузошта хизматчиёни он рисолати худро хуб иҷро мекунанд.