Русия барои Тоҷикистон мутахассисони гумрук тайёр мекунад: Кӣ хоҳишманд?

© Фото : Таможенная служба при Правительстве Республики ТаджикистанТаможенная служба Таджикистана
Таможенная служба Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2023
Обуна шудан
Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо нашри феҳрасти шартҳои қабул аз хоҳишмандони таҳсил дар Академияи гумруки Русия хостааст, ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод кунанд
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Русия барои мақомоти гумруки Тоҷикистон кадрҳоро тайёр мекунад, ки хоҳишмандон метавонанд, асноди худро пешниҳод намоянд.
Маъракаи қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои соли таҳсили 2023-2024 дар Академияи гумруки Русия эълон шудааст.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, бо мақсади таъмин намудани мақомот бо кадрҳои баландихтисос ва пурра гардонии ҷойҳои корӣ бо мутахассисони варзида, шаҳрвандони кишвар барои таҳсил ба Академияи гумруки Русия фиристонида мешаванд.
Ҳуҷҷатҳои барои дохилшавӣ ба Академияи гумруки Русия дар Любертси ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Ростови лаби Дон қабул мешаванд.
Ихтисосҳои пешниҳодшуда "Фаъолияти гумрукӣ" (мутахассис), "Ҳуқуқшиносӣ" (бакалавр) ва "Иқтисодчӣ" (бакалавр) мебошанд.
Студенты на лекции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2023
Русия ният надорад, ки квотаҳо барои донишҷӯёни Тоҷикистонро кам кунад
"Барои дохил шудан ба Академияи гумруки Россия ҳуҷҷатҳои довталабон аз 10 то 23 майи соли 2023, ба муддати 10 рӯзи корӣ қабул карда мешавад", - омадааст дар эълон.
Ба диққати довталабон расонида шудааст, ки барои иштирок дар озмун, донистани фанҳои математика, забони рӯсӣ, забони англисӣ ва тайёрии хуби ҷисмонӣ, ҳатмӣ мебошад.
Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро ба бинои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон дар кӯчаи Бухоро-50/1-и шаҳри Душанбе пешниҳод кунанд ва ё аз тариқи телефонҳои 223-12-16 ва 221-16-92 маълумоти иловагӣ пешниҳод намоянд.
Лентаи хабарҳо
0