https://sputnik.tj/20230508/lavrov-kobul-ejodi-hukumati-farogir-amal-1056962429.html
Лавров: Кобул ба ваъдаҳои худ дар бораи эҷоди ҳукумати фарогир бояд амал кунад
Лавров: Кобул ба ваъдаҳои худ дар бораи эҷоди ҳукумати фарогир бояд амал кунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Русия гуфт, ки вазъи Афғонистон ниёз ба иқдомҳои фаврӣ дорад ва ҳукумати Кобул бояд ба ваъдаҳои худ дар бораи эҷоди ҳукумати фарогир амал кунад
2023-05-08T09:55+0500
2023-05-08T09:55+0500
2023-05-08T10:40+0500
афғонистон
дар русия
русия
ҳукумат
сиёсат
толибон
кобул
сергей лавров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/02/1054642346_0:2:3012:1696_1920x0_80_0_0_603263a3a7e4515850bafba0e74f08c3.jpg
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ахиран эълом кард, ки интизор дорад то сарони ҳукумати Кобул ба ваъдаҳои худ дар бораи ташкили ҳукумати фарогир, ки дар он гурӯҳҳои сиёсӣ ва қавмӣ саҳм дошта бошанд, амал кунад.Ба гуфтаи вай, ҳамакнун вазъияти Афғонистони ниёз ба иқдомҳои фаврӣ дорад.“Мо аз сарони толибон интизор дорем, ки ба ваъдаҳои худ мабни бар ташкили як ҳукумати фарогир на танҳо аз назари гурӯҳҳои қавмӣ, балки бо итминон аз ҳузури тамоми аъзои гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон, амал кунанд. Ин мавридест, ки бояд аз сӯйи онҳо анҷом шавад”, - гуфт Лавров.Вазири хориҷаи Русия ҳамчунин изҳор дошт, ки Амрико дар ҳоли талош барои бозгардондани зерсохтҳои Низомии ин кишвар дар минтақа ва атрофи Афғонистон аст.Вай тасреҳ кард шавоҳиди қонеъкунандае вуҷуд дорад, ки Амрико аз гурӯҳҳои террористии шомили ДОИШ* ва Алқоида* дар Афғонистон пуштибонӣ мекунад.Ҳукумати Афғонистон дар бораи изҳороти вазири хориҷаи Русия вокунише надоштааст аммо Билол Каримӣ, муовини сухангӯии ҳукумати Афғонистон дар бораи ташкили ҳукумат фарогир гуфт, ҳукумати кунунии Афғонистон фарогир аст.* - Созмон ё гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия
https://sputnik.tj/20230426/lavrov-tolibho-davlat-farogir-rasmiyat-1056701266.html
афғонистон
русия
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/02/1054642346_227:0:2958:2048_1920x0_80_0_0_64b2f8bdafed9e0507122ff761889c57.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, афғонистон, вазири хориҷа, сергей лавров, ҳукумат, фарогшир, кобул, толибҳо
русия, афғонистон, вазири хориҷа, сергей лавров, ҳукумат, фарогшир, кобул, толибҳо
Лавров: Кобул ба ваъдаҳои худ дар бораи эҷоди ҳукумати фарогир бояд амал кунад
09:55 08.05.2023 (Навсозишуда: 10:40 08.05.2023) Вазири хориҷаи Русия гуфт, ки вазъи Афғонистон ниёз ба иқдомҳои фаврӣ дорад ва ҳукумати Кобул бояд ба ваъдаҳои худ дар бораи эҷоди ҳукумати фарогир амал кунад
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ахиран эълом кард, ки интизор дорад то сарони ҳукумати Кобул ба ваъдаҳои худ дар бораи ташкили ҳукумати фарогир, ки дар он гурӯҳҳои сиёсӣ ва қавмӣ саҳм дошта бошанд, амал кунад.
Ба гуфтаи вай, ҳамакнун вазъияти Афғонистони ниёз ба иқдомҳои фаврӣ дорад.
“Мо аз сарони толибон интизор дорем, ки ба ваъдаҳои худ мабни бар ташкили як ҳукумати фарогир на танҳо аз назари гурӯҳҳои қавмӣ, балки бо итминон аз ҳузури тамоми аъзои гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон, амал кунанд. Ин мавридест, ки бояд аз сӯйи онҳо анҷом шавад”, - гуфт Лавров.
Вазири хориҷаи Русия ҳамчунин изҳор дошт, ки Амрико дар ҳоли талош барои бозгардондани зерсохтҳои Низомии ин кишвар дар минтақа ва атрофи Афғонистон аст.
Вай тасреҳ кард шавоҳиди қонеъкунандае вуҷуд дорад, ки Амрико аз гурӯҳҳои террористии шомили ДОИШ* ва Алқоида* дар Афғонистон пуштибонӣ мекунад.
Ҳукумати Афғонистон дар бораи изҳороти вазири хориҷаи Русия вокунише надоштааст аммо Билол Каримӣ, муовини сухангӯии ҳукумати Афғонистон дар бораи ташкили ҳукумат фарогир гуфт, ҳукумати кунунии Афғонистон фарогир аст.
* - Созмон ё гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия