https://sputnik.tj/20230507/jambast-jashnvora-sad-chakan-dushanbe-video-1056959947.html
Ҷамъбасти ҷашнвораи "Сад ранги чакан" дар Душанбе - видео
Ҷамъбасти ҷашнвораи "Сад ранги чакан" дар Душанбе - видео
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти тоҷик азм доранд, бо баргузории чорабиниҳо чакану гулдӯзиро, ки мероси ғайримоддии башарият эътироф шудааст, эҳё ва тарғиб кунанд
2023-05-07T19:15+0500
2023-05-07T19:15+0500
2023-05-07T19:15+0500
видео
ҷашнвора
чакан
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/07/1056960164_0:0:1281:720_1920x0_80_0_0_225aa956fff574385ccdd60f1cfffdf0.jpg
Ҷашнвораи ҷумҳуриявии "Сад ранги чакан" бо иштироки ҳунармандон аз манотиқи Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, ҳадафи он тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани нақши сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ ва намоиши ҳунари мардумӣ арзёбӣ мешавад. Барномаи ин ҷашнвора, ки дар се давр баргузор гардид, бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон тасдиқ гардида, дар он тарроҳону чакандӯзон, сӯзанидӯзону чеварон ҳунари худро ба намоиш гузоштанд. Фестивал дар 3 давр дар тамоми манотиқи Тоҷикистон баргузор шуда, даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо аз 14 март то 10 апрел ва даври дуюм то 25 апрел дар сатҳи вилоятҳо ва Душанбе сурат гирифт. Фестивали ҳунармандон дар шаҳри Душанбе –видеоДар марҳилаи сеюм худ даври ҷумҳурияяӣ беҳтарин ҳунармандон, чакандӯзон, сӯзанидӯзон ва тарроҳони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Ба иттилои мақомоти тоҷик, чакан гулдӯзии одӣ набуда, пайдоиши он ба ҳазораи дуюми пеш аз милод рост меояд, ки дар дар китобҳои "Авасто" ва "Шоҳнома" зикр шуда, ҳар нақши он дорои маънии худ мебошад. Баргузории фестивал ин арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мешавад. Зикр гардид, ки чакану ҳунари гулдӯзӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Юнеско ба рӯйхати Мероси фарҳанги ғайримодии башарият ворид гардид, мақомоти тоҷик барои эҳёю тарғиби он чораандешӣ мекунанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/07/1056960164_148:0:1108:720_1920x0_80_0_0_82db1198370646be1422a510a6e4d775.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
намоиш, ҳунар, мардумӣ, душанбе, чакан, чорабинӣ
намоиш, ҳунар, мардумӣ, душанбе, чакан, чорабинӣ
Ҷамъбасти ҷашнвораи "Сад ранги чакан" дар Душанбе - видео
Мақомоти тоҷик азм доранд, бо баргузории чорабиниҳо чакану гулдӯзиро мероси ғайримоддии башарият эътироф шудааст, эҳё ва тарғиб кунанд
Ҷашнвораи ҷумҳуриявии "Сад ранги чакан" бо иштироки ҳунармандон аз манотиқи Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, ҳадафи он тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани нақши сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ ва намоиши ҳунари мардумӣ арзёбӣ мешавад.
Барномаи ин ҷашнвора, ки дар се давр баргузор гардид, бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон тасдиқ гардида, дар он тарроҳону чакандӯзон, сӯзанидӯзону чеварон ҳунари худро ба намоиш гузоштанд.
Фестивал дар 3 давр дар тамоми манотиқи Тоҷикистон баргузор шуда, даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо аз 14 март то 10 апрел ва даври дуюм то 25 апрел дар сатҳи вилоятҳо ва Душанбе сурат гирифт.
Дар марҳилаи сеюм худ даври ҷумҳурияяӣ беҳтарин ҳунармандон, чакандӯзон, сӯзанидӯзон ва тарроҳони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Ба иттилои мақомоти тоҷик, чакан гулдӯзии одӣ набуда, пайдоиши он ба ҳазораи дуюми пеш аз милод рост меояд, ки дар дар китобҳои "Авасто" ва "Шоҳнома" зикр шуда, ҳар нақши он дорои маънии худ мебошад.
Баргузории фестивал ин арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мешавад.
Зикр гардид, ки чакану ҳунари гулдӯзӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Юнеско ба рӯйхати Мероси фарҳанги ғайримодии башарият ворид гардид, мақомоти тоҷик барои эҳёю тарғиби он чораандешӣ мекунанд.